Имрӯз, дар Литсейи Умари Хайёми шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе натиҷагирӣ ва ҷамъбаст гардид. Дар озмуни даври ноҳиявӣ кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода рӯйи аз ҳама номинатсияи он фаъолона иштирок карда, соҳиби 5 ҷойи аввал, дуюм ва сеюм шуда, ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфтанд.
Боиси хушнудист, ки дар давраи ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат дастаи Донишгоҳ иштирок ва ғолибиятро аз рӯйи чор номинатсияи он ба даст оварда, сазовори ҷойи намоён гардид.
- Яҳёев Дилшод, омӯзгори кафедраи информатика, дар байни ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз руи ихтисос, докторантони хабилитат ва унвонҷуён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун, аз рӯйи номинатсияи “Зеҳни сунъи ва барномасозӣ”, сазовори ҷойи 3 – юм;
- Ибрагимзода Исо, донишҷуйи курси якум, миёни донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олиикасбӣ, аз рӯй номинатсияи “География”, сазовори ҷойи 1 – ум;
- Алиева Марям, донишҷӯйи курси дуюм, миёни донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олиикасбӣ, аз рӯйи номинатсияи “География”, сазовори ҷойи 3 – юм;
- Амонова Асмуа, донишҷӯйи курси якум, миёни донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олиикасбӣ, аз рӯйи номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ”, сазовори ҷойи 3 – юм;
- Рустамзода Мадина, донишҷӯйи курси якум, миёни донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олиикасбӣ, аз рӯйи номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ”, сазовори ҷойи 3 – юм, гардиданд.
Ин пирӯзии омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ мубораку фархунда бошад. Ба ҳамаи ғолибони даври дуюми озмун, барои ширкат дар марҳилаҳои минбаъда низ барору комёбӣ таманно менамоем.





