Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ таҳти унвони «Мақоми Робиаи Балхӣ ва бузургдошти Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино дар адабиёти тоҷику форс» баргузор гардид.
Ҳамоишро ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ нақши барҷастаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи мероси маънавии ниёгон ва муаррифии шахсиятҳои бузурги таъриху фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард.
Зикр гардид, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ омӯзишу бузургдошти мероси чеҳраҳои мондагори миллат ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, таҷлили 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати фарҳангии давлат маҳсуб меёбанд.
Дар идомаи ҳамоиш олимону муҳаққиқони Донишгоҳ бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ карданд. Декани факултети филология ва рӯзноманигорӣ, дотсент Сайёра Азимова дар мавзуи «Тасвири табиат дар ашъори Робиаи Балхӣ», доктори илмҳои филологӣ, профессор Лоло Давлатбеков дар мавзуи «Чашмандози профессор Худоӣ Шарифзода ба шакли байти шоирони асри X ва як шеъри Робиаи Балхӣ» андешаҳои ҷолиби илмии худро ироа намуданд.
Ҳамчунин, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, профессор Салими Хатлонӣ дар мавзуи «Тасвири Робиаи Балхӣ бар асоси “Илоҳинома”-и Фаридуддини Аттор» ва профессори ҳамин кафедра Исрофилниё Шарифмурод дар мавзуи «Шеъру шоирӣ аз дидгоҳи Ибни Сино» ҷанбаҳои муҳими осори ин ду абармарди фарҳангу тамаддунро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Профессор Олимӣ Хосият бо маърузаи «Масъалаҳои муҳимми синошиносӣ» ва мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ, дотсент Далер Комилов дар мавзуи «Ояндашиносии инсон дар таълимоти Сино» паҳлуҳои дигари афкори илмӣ ва фалсафии Шайхурраисро бозгӯ намуданд.
Дар қисмати музокираҳо иштирокдорони ҳамоиш доир ба ҷойгоҳ ва аҳаммияти мероси адабии Робиаи Балхӣ, нақши ӯ дар ташаккули шеъри форсӣ-тоҷикӣ, инчунин, саҳми беназири Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва фарҳанги ҷаҳонӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Конференсия баъдан кори худро дар бахшҳои алоҳида идома дода, барои баррасии масъалаҳои мубрами робиашиносӣ ва синошиносӣ, инчунин, табодули таҷриба ва андешаҳои нави илмӣ фазои мусоиди таҳқиқотиро фароҳам овард.
Дар ҳошияи ҳамоиш, ҳамчунин, маҷмуаи тозанашри «Жолаи сиришк дар лолаи ишқ», ки ба рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ бахшида шуда, бо ибтикори устодони кафедраи назария ва таърихи адабиёт таҳия гардидааст, муаррифӣ ва мавриди муҳокимаи аҳли илм қарор гирифт.



