Дар гимназияи назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ бо иштироки ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода, директори Гимназия Леммара Джамирова, омӯзгорон, хонандагон ва волидайн баргузор гардид.
Барномаи идона, ки аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагони Гимназия омода шуда буд, тараннумгари меҳру муҳаббат ба Ватан, Тоҷикистони соҳибистиқлол, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, гиромидошти забону фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон маҳсуб меёфт.
Дар рафти чорабинӣ хонандагон бо иҷрои суруду рақсҳои миллӣ ва аврупоӣ, саҳначаҳои тарбиявӣ ва барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ бо забонҳои тадрисшавандаи Гимназия маҳорати баланди эҷодӣ ва забондонии худро ба намоиш гузоштанд.
Ҳамчунин, дар фазои идона як қатор хонандагони фаъол, ғолибони олимпиадаҳо ва иштирокчиёни чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангии Гимназия бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.






