Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонон дар хобгоҳи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода толори фарҳангиву фароғатии “Анҷуманоро” бо иштироки ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Бобохонзода мавриди истифода қарор дода шуд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа мавқеи меҳварӣ доранд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои дастгирии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу фаъолияти онҳо, азхудкунии технологияҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар идома сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Бобохонзода аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, таъкид кард, ки ҷавонон бояд дар самти донишандӯзӣ, омӯзиши фанҳои тахассусӣ, забономӯзӣ, иштирок дар маҳфилҳои илмӣ ва озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъол бошанд ва аз имкониятҳои муҳайёгардида самаранок истифода намоянд.
Қайд гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани толори “Анҷуманоро” туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва фароғатии донишҷӯёни хобгоҳ шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор донишҷӯёни фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.



