Шоҳасари “Қонуни тиб” – и Абуалӣ ибни Сино аҳаммияти бузурги илмию ҷаҳонӣ дошта, он дар тули беш аз 500 сол (1150-1762) дар Аврупо ҳамчун ягона китоби рӯимизии табибон ва манбаи таълими донишомӯзони соҳаи тиб мавриди истифода ва омӯзиш қарор гирифта, имрӯз ҳам роҳнамои олимону муҳаққиқон ва табибон дар ҷаҳон мебошад.
Ин асар бори нахуст аз ҷониби Ҷерарди Креманӣ (1114-1187) ба забони лотинӣ тарҷума шуда, ба аврупоиён чунон таъсири бузург гузошт, ки аз ҷониби И. Гуттенберг пас аз ихтироъ гаштани дастгоҳи китобчопкунӣ дар радифи китобҳои муқаддасу нодир ба нашр расид. Баъдан, ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, румонӣ ва ибронӣ тарҷума шуда, дар Аврупо беш аз 40 маротиба ба шакли пурра чоп гардид.
Мавриди зикр аст, ки “Қонуни тиб” солҳои 1012-1013 таълиф ёфтааст. Аз ин ҷост, ки оламиён Абуалӣ ибни Синоро пас аз соли 1279 дар Рим аз ҷониби Натантамеанти (Гаммати) ба забони ибронии куҳан тарҷума шудани “Қонуни тиб” ҳамчун Авитсенна мешиносанд. Авитсенна – бо ин ном фарзанди баруманду донишманди тоҷик маҳбубу маъруфи ҷаҳониён мебошад.
Бо ташаббуси таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон таъсис дода шуд.
Иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ташаббуси арзишманду бузург дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, қадами муҳим дар самти омӯзиши осори илмии ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар олам мебошад ва барои рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ нақши бузург хоҳад гузошт.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гиромидошти қаҳрамонон, адибон ва донишмандони миллат корҳои мондагор, ташаббусҳои арзишманд ва иқдомоти бузургу таърихиро роҳандозӣ карда, бо ин восита дар муаррифии осори абармардони миллат ва зиндаву ҷовид нигоҳ доштани ному корномаҳои ибратбахши онҳо саҳми арзандаю шоиста гузоштаанд.
Мавриди зикру ифтихор аст, ки дар осори илмии Абуалӣ ибни Сино масъалаҳои саломатии инсон ва пешгирӣ аз ин ё он бемории сироятӣ мавқеи калидӣ дошта, мавзуъҳои вобаста ба саломатии одамон, табобат бо гиёҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва монанди инҳо дар осори илмии ӯ ба таври васеъ инъикос ёфтаанд. Ба шарофати осори мондагори худ Ибни Сино имрӯз низ ҳамчун идеал ва пешвои тибби ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Бо ифтихор метавон зикр кард, ки китоби “Қонуни тиб” – и Ибни Сино асари рӯимизии тамоми табибони олам, хусусан, ворисони асили ӯ – табибон ва олимону муҳаққиқони тоҷик мебошад. Мутахассисони ҷавон ба номи Абӯалӣ ибни Сино савганд ёд намуда, фаъолияти касбии худро оғоз мебахшанд, олимони варзида дастовардҳои илмиро бо истифода аз сарчашмаҳои осори илмии ин абармарди тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ намуда, бо ифтихор давомдиҳандагони кори Ибни Сино буданашонро зикр мекунанд.
Хулоса, иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар муаррифии шоистаи мероси илмии ин донишманди беназири тоҷик ва соҳаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузург мегузорад. Оре, бо ин иқдоми таърихӣ асарҳои безаволи Ибни Сино чун шамъи фурӯзон роҳнамои табибону беморон ва муҳаққиқону донишмандон боқӣ хоҳанд монд.
Доро НАВРӮЗЗОДА, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ.