БАРРАСИИ МАСОИЛИ ЖУРНАЛИСТИКА ВА АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Масъалаҳои мубрами журналистикаи муосир, сиёсати иттилоотӣ ва роҳҳои муқовимат ба таҳдидҳои амнияти рақамӣ дар меҳвари конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Журналистика ва сиёсати иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои глобалии амнияти рақамӣ», ки дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор гардид, мавриди баррасии олимон, муҳаққиқон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма қарор гирифт.

Дар кори конференсия ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Наргис Қосимова, доктори илмҳои филологӣ, профессор, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳашимзода Бахтиёр, муҳаққиқи соҳаи журналистика аз Ҷумҳурии Покистон Анҷум Маҳмуд Аҳмад, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидиён ва дигар коршиносону муҳаққиқон иштирок намуданд.

Конференсияро ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дар шароити муосир нақши расонаҳо аз доираи маъмулии хабаррасонӣ фаротар рафта, ба абзори таъсиргузор ба афкору ҷаҳонбинӣ ва мавқеи сиёсию маънавии ҷомеа табдил ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин шароит масъулияти журналистика ва сиёсати иттилоотӣ дар муқобили таҳдидҳои рӯзафзуни рақамӣ аҳаммияти вижа ва сарнавиштсоз касб менамояд.

Зимни суханронӣ аз таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ карда шуд, ки воситаҳои ахбори омма имрӯз ба неруи муассири таъсиррасон ба афкори ҷомеа мубаддал гардида, бояд дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарғиби арзишҳои ҷомеаи солим нақши фаъол дошта бошанд.

Дар идомаи ҳамоиш профессори Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Наргис Қосимова дар мавзуи «Фактчекинг ва саводнокии ВАО ҳамчун воситаи муассири ҳифзи амнияти иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳашимзода Бахтиёр дар мавзуи «Ояндаи журналистика дар ҳамзистии инсон ва технологияҳои зеҳнӣ» маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон, муҳаққиқи соҳаи журналистика Анҷум Маҳмуд Аҳмад дар бораи нақши инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар рушди маориф суханронӣ намуда, профессор Илҳомҷон Ҳамидиён масъалаҳои инъикоси фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар васоити электронии ахбор мавриди таҳлил қарор дод. Дар маърузаҳо, инчунин, доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, таҳкими фарҳанги иттилоотӣ ва мутобиқшавии журналистика ба талаботи муҳити рақамӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар бахши музокира доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродӣ ва доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зулфиддин Муминҷонов оид ба рушди илмҳои муосир, омӯзиши босамари иттилооти рақамӣ ва аҳаммияти журналистикаи муосир дар низоми таҳсилоти олӣ андешаронӣ карданд.