Имрӯз, 30 – юми апрели соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ дар робитаҳои забониву адабӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” бо ширкати васеи олимону муҳаққиқони дохилу хориҷи кишвар баргузор гардид.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ ректори Донишгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода, сарходими илмии Маркази синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайидраҳмон Сулаймонов, мудири шуъбаи Институти фолклори Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ризаев Сайфиддин Гулверди уғлӣ, сарходими илмии Институти фолклори Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон, доктори илмҳои филологӣ, дотсент Сайилов Ғолиб Амироғо иштирок намуданд.
Роҳбари муассиса профессор Жило Гулназарзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш аз дастовардҳои замони Истиқлол, саҳми Пешвои миллатм муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди маорифи устувор, рушди илму фарҳанг, тақвияти забономӯзӣ, муҳиммияти омӯзиши илмҳои муосир, нақши мутафаккирони форсу тоҷик дар рушти илми ҷаҳонӣ ибрози андеша намуд.
Дар идома, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайидраҳмон Сулаймонов дар мавзуи “Фарҳанги даврони Истиқлол ва ояндаи арабшиносии илми навини тоҷик”, мудири шуъбаи Институти фолклори Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон, профессор Ризаев Сайфиддин Гулверди уғлӣ дар мавзуи “Робитаҳои адабӣ – филологияи озару тоҷик” ва дотсенти ҳамин Институт Сайилов Ғолиб Амироғо дар мавзуи “Муқоисаи сохтории эпоси озарбойҷонии “Короғлу” бо эпоси тоҷикии “Гӯруғлӣ” маъруза намуданд.
Ҳамчунин дар қисмати музокираҳо профессори кафедраи филологияи Эрони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умаров Сафархоҷа ва дотсенти кафедраи методикаи таълими забони англисии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Каримҷон Гадоев баромад карда, аз пос доштани забони миллӣ ва омӯзишу таҳқиқи филология Шарқ сухан карда, ташкил ва баргузор кардани чунин конференсияҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Дар поёни ҳамоиш ба як қатор муҳаққиқон аз ҷониби раёсати Донишгоҳ сертифакат тақдим карда шуд.






