ҶАМЪБАСТ ВА НАТИҶАГИРӢ АЗ ҲАФТАИ ИЛМИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲ

Дар давоми як ҳафта аз 20.04.2026 то 25.04.2026 дар доираи Рӯзи илми тоҷик ва истиқбол аз 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 26 конференсия дар бахшҳо ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дар доираи мавзуи «Таъсирпазирӣ ва ҳамгиройии илмҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ ва дақиқ ҳамчун омили рушди устувор дар ҷомеаи муосир» баромад намуданд.

Ҷаласаи ифтитоҳии конференсия санаи 20 – уми апрели соли равон бо иштироки ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода, мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Қувватзода Сайдулло Зувайд, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ Матробиён Саодатшо, профессори Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир Маҳбут Ғаффорӣ ва ҳайати профессорону омӯзгорон, магистрантону докторантон ва донишҷӯёни муассиса доир гардид.

Аз кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ тибқи барномаи кории конференсия 558 маърузаи илмӣ баррасӣ шуд. Бояд гуфт, ки маърузаҳои беҳтарин баъди таҳриру такмил ба шакли маҷмуа дароварда шуда, муаллифони 10 мақолаи беҳтарин дар чорабиниҳои миллию давлатӣ қадрдонӣ карда мешавад.