ТАШРИФИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ҚАЗОҚИСТОНИ ШАРҚӢ БА НОМИ САРСЕН АМАНЖОЛОВ

18 апрели соли 2026 ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ректори Донишгоҳи Қазоқистони Шарқӣ ба номи Сарсен Аманжолов Толеген Мухтар Адилбекович ташриф оварда бо ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода мулоқот ба анҷом расонид.

Ректор Гуланазарзода Жило меҳмононро ба Донишгоҳ шодбош гуфта, зимни мулоқот аз дастовардҳои замони Истиқлол ва муносибатҳои дӯстии байни Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳамаи соҳаҳои муҳимми ҳамкорӣ ва самти илму маориф ёдовар шуд.

Зимни сӯҳбат қайд гардид, ки дар доираи татбиқи созишномаи мазкур, ҳамкориҳо дар самти мубодилаи академӣ ба таври назаррас рушд намуда, дар давоми зиёда аз ду соли охир 71 нафар донишҷӯён ба Донишгоҳи Қазоқистони Шарқӣ ба номи Сарсен Аманжолов барои таҳсил сафарбар гардидаанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи роҳандозии барномаҳои дуалӣ (2+2) мавриди баррасии муфассал қарор дода шуд. Дар баробари ин, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва ҷустуҷӯи роҳҳои қобили қабули ҳал изҳор намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар идомаи мулоқот, бо ширкати намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи Қазоқистони Шарқӣ ба номи Сарсен Аманжолов ва байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо Донишгоҳи Қазоқистони Шарқӣ ба номи Сарсен Аманжолов Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Чун анъана, нишони эҳтиром ва таҳкими равобитаҳои байнифарҳангӣ ба ба ҳайати меҳмонон ҷилди якум ва дуюми асари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат”, ки ба забони русӣ тарҷума шудааст, тақдим гардида, ба дигар иштирокчиён низ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.