Ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода рӯзи 16 апрели соли 2026 ҳайати намояндагони Донишгоҳи миллии занонаи омӯзгории Қазоқистон бо роҳбарии муовини ректор оид ба масъалаҳои академӣ Сабит Суатай Курманжонович ва роҳбари технопарки Digital Lady-и муассисаи мазкур Даулетбек Хамза ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмонон аз ҷониби муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Абдурауф Наврасов дар сатҳи баланд истиқбол гирифта шуд.
Ташрифи мазкур дар заминаи татбиқи сиёсати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва таҳкими робитаҳои дуҷониба сурат гирифта, ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои минбаъда бахшида шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи роҳандозии барномаҳои дуалӣ, мактабҳои тобистона ва зимистона, ҳамкориҳо дар самти илму инноватсия, табодули ҳайати профессонору омӯзгорон мавриди баррасии муфассал қарор дода шуд. Дар фаровард аз тарафи раёсати Донишгоҳ ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

