Дар доираи сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар факултети забон ва адабиёти рус бахшида ба “1050 – солагии Робияи Балхӣ” семинари илмӣ – адабӣ таҳти унвони “Мероси адабии Робияи Балхи” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар семинари илмӣ – адабӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Абдурраҳимзода Бахтиёр, сардори раёсати тарбия Ғафуров Муҳаммадсаид, мудири шуъбаи таҳлил ва иттилоот Раҷабализода Шаҳло, декани факултети забон ва адабиёти рус Ҳасанзода Шаҳло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Робиаи Балхӣ яке аз чеҳраҳои нодир ва шоистаи таърихи адабиёти тоҷик аст, ки номи ӯ бо зебоӣ, ишқ, хирад ва озодандешӣ ҳамеша ҷовидона мондааст. Робиа нахустин зани шоира дар забони дарӣ ба шумор меравад, ки дар тазкираҳои адабӣ аз ӯ бо эҳтиром ёд кардаанд. Робиаи Балхӣ зодаи Балх аст ва аз ҳамасрони маъруфи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд. Ӯ дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, шоирӣ ба форсӣ, дарию арабӣ машҳур буд, ки имрӯз ҳифзи меросӣ ӯ вазифаи мо аст.
Дар рафти семинар аз ҷониби омӯзгорон маърузаҳои пурмуҳтаво ва аз ҷониби донишҷӯён аз осори Робиаи Балхӣ шерҳо қироат карда шуд.


