ХОНИШИ СИЁСӢ – МАЪРИФАТӢ ДАР ДОИРАИ РӮЗИ ПОЙТАХТ

16 апрели соли равон дар хобгоҳи Донишгоҳ вобаста ба таҷлили Рӯзи пойтахти кишвар, одоби шаҳрнишинӣ ва тартиботи дохилии хобгоҳ аз ҷониби намояндагони самти тарбияи Донишгоҳ хониши сиёсӣ – маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сардори раёсати тарбияи Донишгоҳ Маҳмадсаид Ғафуров, мушовирони академии факултетҳо ва дигар намояндагони раёсати тарбия иштирок ва суханронӣ намуданд.