Озмуни байналмилалии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”

Озмуни байналмилалии "Забон донӣ - ҷаҳон донӣ"

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирок дар Озмуни байналмилалии «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» барои дарёфти Ҷоми раёсати Донишгоҳ даъват менамояд.

Даври ниҳоии Озмун 2 октябри соли 2026, соати 08:00 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор мегардад. Тибқи Низомнома, Озмун аз рӯйи 12 равия дар ду давр гузаронида мешавад. 

БАРНОМАИ ОЗМУН

Қабул ва оғози озмун

ВАҚТ

АМАЛ ВА МАКОН

МАСЪУЛ

06:30-07:00

Кушодани толор ва аудиторияҳо; санҷиши барқ, таҷҳизот, роҳҳои баромад ва ҳузури навбатдорон.

Ситод; хоҷагӣ; гурӯҳи техникӣ

07:00-07:45

Истиқбол дар даромадгоҳ; бақайдгирӣ; санҷиши ном ва равия; додани бейҷик, рамз ва роҳнамо

Қаҳорзода М. В.; Кабирзода Д. М.; роҳбаладон

07:15-07:45

Истиқбол ва ҷойгир кардани меҳмонон дар толори фарҳангӣ.

Масъули ташрифот; роҳбаладон

07:20-07:50

Пайвастшавии довталабони хориҷӣ ба ифтитоҳи маҷозӣ; санҷиши шахсият ва алоқа.

Масъули иштироки маҷозӣ; техник

07:45-08:00

Ҷойгир кардани иштирокчиён дар толор аз рӯйи равия; ҳисоби ҳозирон; омодагии саҳна.

Роҳбаладон; модератор; масъули саҳна

08:00-08:05

Оғози маросим ва расмиёти ифтитоҳ тибқи протоколи тасдиқшуда.

Модератор; масъули саҳна

08:05-08:13

Сухани ифтитоҳии ректор, доктори илмҳои филологӣ, профессор Гулназарзода Жило Бурӣ.

Масъулин

08:13-08:27

Суханронии ду-се нафар меҳмони тасдиқшуда

Модератор; масъулин

08:27-08:35

Шарҳи шартҳои санҷиш, ҷадвали рӯз, тартиби натиҷагирӣ ва апелятсия.

Абдурраҳимзода Б. А.; Ҳайбуллоев Ш. А.

08:35-08:45

Ҳаракати гурӯҳҳо аз толор ба аудиторияҳо бо роҳбалад; меҳмонон ба макони интизорӣ.

Роҳбаладон; мутасаддиёни равияҳо

08:45-09:00

Санҷиши шахсият ва рамз; ҷойгиршавӣ; дастури нозир; қабули мавод ва тасдиқи омодагӣ.

Мутасаддӣ; нозир; намояндаи раёсати илм

09:00-12:00

Санҷиши сесоата дар равияҳои фаъол; огоҳӣ дар 11:30 ва 11:55; сабти мушкилоти техникӣ.

Ҳакамон; нозирон; гурӯҳи техникӣ

Ҷамъбасти санҷиш ва маросимҳои рӯз

ВАҚТ

АМАЛ ВА МАКОН

МАСЪУЛ

12:00-12:15

Ҷамъоварӣ ва ҳисоби корҳо; тасдиқи қабули ҷавоби электронӣ; супоридани мавод бо имзо.

Нозирон; котибони равияҳо

12:15-13:15

Хӯроки нисфирӯзии иштирокчиён ва роҳбарони дастаҳо аз рӯйи навбат; хӯроки ҳакамон бе қатъи баҳогузорӣ.

Масъули хӯрок; роҳбаладон

12:15-13:30

Баҳогузорӣ дар Маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат; санҷиши дубораи рамз ва ҷамъбасти холҳо.

Ҳакамон; ду нафар санҷандаи натиҷа

13:15-13:30

Ҷамъшавӣ дар минтақаи интизорӣ ва натиҷаҳо; фаҳмондани тартиби апелятсия.

Мизи маълумот; роҳбаладон

13:30-14:00

Эълони натиҷаҳои пешакӣ; қабули аризаҳои апелятсионӣ дар Маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат.

Котиби ҳакамон; комиссияи апелятсионӣ

14:00-14:30

Баррасии аризаҳои қабулшуда; сабти қарор ва расондани ҷавоб ба иштирокчӣ.

Комиссияи апелятсионӣ

14:30-14:50

Тасдиқи протоколи ниҳоӣ; санҷиши ному насаб, дараҷаи диплом ва ҷоиза; омодасозии навбати саҳна.

Раиси ҳакамон; котиб; гурӯҳи ҷоизасупорӣ

14:50-15:00

Бозгашт ба толори фарҳангӣ; ҷойгир кардани ғолибон; пайвасти ғолибони маҷозӣ.

Роҳбаладон; масъули саҳна; техник

15:00-15:04

Ифтитоҳи маросими ҷамъбастӣ ва гузориши кӯтоҳи натиҷаҳо.

Модератор; раиси ҳакамон

15:04-15:40

Ҷоизасупорӣ аз рӯйи равияҳо: ҷойи ифтихорӣ, сеюм, дуюм ва якум – тибқи протокол.

Раёсати илм; супорандагони ҷоиза

15:40-15:50

Тақдими Ҷом тибқи Низомнома; сипосномаҳои пешбинишуда; акси умумӣ.

Ректор; масъулин

15:50-16:50

Барномаи фарҳангии «Субҳи ҷавонӣ».

Раёсати тарбия; бахши фарҳанг

16:50-17:00

Сухани ҷамъбастии ректор; эълони пӯшидашавӣ ва тартиби гусел.

Ректор; модератор

17:00-17:30

Гусели дастаҳо ва меҳмонон; қабули таҷҳизоту мавод; пӯшидани маконҳо.

Роҳбаладон; хоҷагӣ; котиби ситод

Масъулон ва тартиби иҷро дар рӯзи озмун

САМТ

МАСЪУЛ ВА ВАЗИФА

Роҳбарии умумӣ

Гулназарзода Ж. Б. – раиси ситод; тасдиқи қарорҳои асосӣ ва расмиёти маросимҳо.

Ҳамоҳангсозии рӯз

Абдурраҳимзода Б. А. – муовини раиси ситод; идораи ҷадвал, гурӯҳҳо ва масъалаҳои фаврӣ.

Котибот

Ҳайбуллоев Ш. А.; котиби ситод, рӯйхатҳо, қарорҳо, протоколҳо ва сабти тағйироти рӯз.

Бақайдгирӣ

Нозир Қаҳорзода Меҳроҷиддин Вайсиддин, Телефон: 01 151 95 95. Масъулон Худоёрбекова Айёра Ошурбековна, Салоҳиддинова Гулнора Нарзуллоевна, Саидзода Лутфия Искандар, Одилова Ҳадиса  санҷиши рӯйхат ва ҳуҷҷатҳо.

Аудиторияҳо

Раёсати таълим, Мираҳмадзода М. М. ва мутасаддиёни 12 равия; ҷой, мавод ва назорати техникӣ.

Роҳнамоӣ

Шарифзода Л. А.; Кабирзода Д. М.; роҳбаладони дар харита зикршуда; ҳаракати гурӯҳҳо ва гусел.

Натиҷа ва апелятсия

Ҷойи кори ҳакамон ва қабули аризаҳо — Маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат. Масъулон: ҳакамон ва комиссияи апелятсионӣ.

Хизматрасонӣ

Масъулони таъйиншудаи техникӣ, иштироки маҷозӣ, тиб, хӯрок ва навбатдории пайваста.

Дастури кӯтоҳи иҷро

  1. Бақайдгирӣ. Довталаб бо рӯйхати расмӣ муқоиса шавад; номзади ивазшуда ё берун аз рӯйхат бе қарори ваколатдор қабул нагардад.
  2. Санҷиш. Ҳар довталаб 180 дақиқаи пурра дошта бошад; вақти иловагии тасдиқшуда алоҳида риоя шавад. Телефон, соати ҳушманд, тарҷумони электронӣ ва ёвари зеҳни сунъӣ истифода нашаванд.
  3. Мавод. Рамзи иштирокчӣ, шумораи корҳо ва қабули ҷавоб санҷида шавад. Корҳо бо санади қабул ба ҳакамон супурда шаванд; мавод беназорат намонад.
  4. Маҷозӣ. Танҳо платформа ва каналҳои тасдиқшуда истифода шаванд. Қатъи алоқа ва вақти талафшуда сабт гардад; идома ва ҷуброни вақт аз рӯйи тартиби ягона ҳал шавад.
  5. Баҳогузорӣ. Холҳо аз рӯйи меъёри тасдиқшудаи 100-хола бароварда, ҷамъ ва мувофиқати рамзро ду нафар санҷанд. Қарори апелятсия дар протокол ворид шавад.
  6. Саҳна. Диплом, ному насаб ва ҷоиза пеш аз даъват муқоиса шаванд. Барои гирандаи ғоиб ё маҷозӣ тартиби супоридан алоҳида сабт гардад.
  7. Хизматрасонӣ. Об, хӯрок, ёрии тиббӣ ва роҳи дастрас таъмин бошанд. Ҳангоми ҳолати фавқулода роҳбаладон иштирокчиёнро ба нуқтаи бехатари таъйиншуда баранд.

Барномаи фарҳангии Субҳи ҷавонӣ

15:50-16:50. Толори фарҳангӣ. Масъулон: раёсати тарбия ва бахши фарҳанг

ВАҚТ

БАРОМАД

ИҶРОКУНАНДА

15:50-15:53

Муқаддимаи кӯтоҳи тоҷикӣ ва англисӣ

Барандагон

15:53-15:57

Рақси «Қумбоқ»

Гурӯҳи донишҷӯдухтарон

15:57-16:02

«Шаҳрро оро диҳед, оҳанги ёр мерасад»

Содиқов Усмоналӣ; Мирзобеков Табарез

16:02-16:06

Рақси минтақавӣ

Гурӯҳи донишҷӯён

16:06-16:10

Суруди «Тоҷикам»

Иброҳимзода Боймуҳаммад

16:10-16:14

Суруди русии «Таджикистан»

Мардонова Рукмина

16:14-16:18

Рақси куриёӣ

Гурӯҳи донишҷӯён

16:18-16:22

Суруди англисии «Love You Like a Love Song»

Нозилова Фотима

16:22-16:27

Суруди ӯзбекии «Маст айладӣ» ва рақс

Иброҳимзода Боймуҳаммад; гурӯҳи рақс

16:27-16:31

Суруди испанизабони «Canción del Mariachi»

Мирзобеков Табарез; Миршамс

16:31-16:35

Суруди итолиёвӣ

Миршамс; Мирзобеков Табарез

16:35-16:39

Рақси ҳиндӣ

Гурӯҳи донишҷӯдухтарон

16:39-16:45

Суруди ҷамъбастии «Дӯстон»

Ансамбли «Субҳи ҷавонӣ»

16:45-16:50

Захира барои гузаришҳо ва анҷоми саҳнавӣ

Масъули саҳна

Аз толори фарҳангӣ то аудиторияи равия

РАМЗ ВА РАВИЯ

АУДИТОРИЯ

МУТАСАДДӢ

РОҲБАЛАД

R01
Тоҷикӣ

Маркази инноватсия, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ

Ғуломзода Сабзалӣ

Зафар Раҳимӣ

R02
Русӣ

Маркази инноватсия, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ

Бобобекзода Меҳроҷ

Хуҷамова Меҳроангез

R03
Англисӣ

Маркази инноватсия, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ

Рӯзизода Азиз

Лашкариева Кимиё

R04
Чинӣ

Китобхонаи электронӣ

Салимов Хусрав

Алимададшоева Соҳибдавлат

R05
Куриёӣ

Синфхонаи 101

Маҳмудиён Зуҳро

Тоҷидинзода Парвина

R06
Олмонӣ

Китобхонаи электронӣ

Гулов Ёдгорҷон

Акрамзода Нушервон

R07
Фаронсавӣ

Синфхонаи 102

Меликов Фарҳод

Акрамзода Нушервон

R08
Ҷопонӣ

Синфхонаи 102

Рустамзода Зарина

Акрамзода Нушервон

R09
Арабӣ

Синфхонаи 101

Кабиров Беҳрӯз

Сайфулоев Муслиҳиддин

R10
Ҳиндӣ

Синфхонаи 100

Умаров Суҳайлӣ

Сайфулоев Муслиҳиддин

R11
Ӯзбекӣ

Синфхонаи 100

Бобомуродзода Матлуба

Тоҷидинзода Парвина

R12
Форсӣ

Синфхонаи 100

Халифаев Фазлиддин

Сайфулоев Муслиҳиддин

 

Нуқтаҳои хизматӣ ва роҳҳои махсус

НУҚТА

КАЙ ВА БАРОИ ЧӢ

МАКОН

Маълумот ва бақайдгирӣ

07:00-17:30; рӯйхат, деромадан, роҳнамоӣ ва ашёи ёфтшуда.

Саҳни бинои нав

Ситод

Ҳалли масъалаҳои ташкилӣ ва тағйири ҷадвал

Раёсати илм ва инноватсия

Хӯрок ва об

12:15-12:45 навбати 1; 12:45-13:15 навбати 2; гурӯҳҳо аз рӯйи ғунҷоиш тақсим шаванд.

Ошхонаи Донишгоҳ

Интизорӣ ва натиҷаҳо

Барои роҳбарону меҳмонон ҳангоми санҷиш; барои иштирокчиён баъди хӯрок. Натиҷа: 13:30.

Даромадгоҳи бинои нав

Ҳакамон ва апелятсия

Ҷойи кори ҳакамон; 13:30-14:00 қабули аризаҳои апелятсионӣ. Мизи қабул аз ҷойи баҳогузорӣ ҷудо ташкил шавад.

Маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат

Ёрии тиббӣ ва ҳоҷатхона

Роҳбалад роҳи наздик ва дастрасро нишон медиҳад; дар ҳолати зарурӣ ҳамроҳӣ мекунад.

Бунгоҳи тиббии Донишгоҳ
Ҳоҷатхонаҳои ошёнаи якуми бинои нав

 

1. Равияҳои озмун

  • Забони тоҷикӣ
  • Забони русӣ
  • Забони англисӣ
  • Забони чинӣ
  • Забони куриёӣ
  • Забони олмонӣ
  • Забони фаронсавӣ
  • Забони ҷопонӣ
  • Забони арабӣ
  • Забони ҳиндӣ
  • Забони ӯзбекӣ
  • Забони форсӣ

2. Тартиб ва муҳлати баргузорӣ

Озмун аз ду давр иборат аст.

  • Даври якум моҳи сентябр дар ҳар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таҳти назорати кумитаи тадорукоти муассисавӣ ва бо маводди тасдиқкардаи он баргузор мегардад.
  • Шумораи иштирокчиёни даври якумро муассиса мустақилона муайян мекунад. Ба даври ниҳоӣ аз ҳар равия танҳо як нафар ғолиб пешниҳод мешавад.

3. Талабот ба довталабон

  • довталаб дар рӯзи бақайдгирӣ ва рӯзи баргузории Озмун бояд мақоми донишҷӯии амалкунанда дошта бошад;
  • довталаб бояд ғолиби даври якуми муассисавӣ бошад ва бо мактуби расмии муассиса пешниҳод гардад;
  • ҳангоми бақайдгирӣ забони модарӣ, забони асосии таҳсил ва равияи интихобшуда дақиқ нишон дода шаванд;
  • иваз намудани ғолиби даври якум бо шахси дигар ва иштироки номзадони берун аз рӯйхати расмӣ иҷозат дода намешавад;
  • барои ҳар муассиса як нафар роҳбари даста аз ҳисоби кормандони раёсат ё факултет таъйин карда шавад;
  • довталабони дорои маъюбият метавонанд бо пешниҳоди санади тасдиқкунанда барои вақти иловагӣ, муҳити мутобиқшуда ё маводди аудиоии махсус дархост намоянд;

4. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда

  • мактуби расмии муассиса оид ба пешниҳоди номзадҳо;
  • рӯйхати довталабон тибқи шаблони ягона;
  • нусхаи протоколи ҷамъбасти даври якуми муассисавӣ;
  • маълумотнома дар бораи мақоми донишҷӯии амалкунандаи ҳар довталаб;
  • дар ҳолати зарурат, дархост ва санади тасдиқкунанда барои фароҳам овардани шароити махсус;

5. Шартҳои озмун ва баҳогузорӣ

  • санҷиш вобаста ба равия дар шакли тестӣ (дар ҳолати зарурат хаттӣ, шифоҳӣ ё мониторингӣ) гузаронида мешавад;
  • барои иҷрои супоришҳо 2 соат вақт ҷудо мегардад; – истифодаи телефон, соати ҳушманд, тарҷумони электронӣ, интернет, ёвари зеҳни сунъӣ ва дигар воситаҳои кумакрасон манъ аст;
  • натиҷа аз рӯйи низоми 100-хола муайян гардида, фаҳмиши матн, сатҳи грамматикӣ ва луғавӣ, мазмуну мантиқ ва ифодаю услуби баён арзёбӣ мешаванд;
  • агар шумораи довталабон дар ягон равия камтар аз 5 нафар бошад, баргузории он равия дар даври ниҳоӣ қатъ мегардад. Интиқол ба равияи наздик танҳо бо ризоияти довталаб ва мувофиқаи муассисаи пешниҳодкунанда имконпазир аст;
  • тақаллуб, кумаки беруна ё истифодаи воситаҳои манъшуда боиси хориҷ намудани иштирокчӣ аз Озмун мегардад.

6. Тартиби ирсоли ҳуҷҷатҳо

Ҳуҷҷатҳои номзадҳо бояд то 25 сентябри соли 2026 дар шакли электронӣ ирсол карда шаванд. Нусхаи аслии мактуби расмӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи коргузорӣ пешниҳод карда мешавад.

Шахси масъул: Қаҳорзода Меҳроҷиддин Вайсиддин
Телефон: 01 151 95 95
Почтаи электронӣ: zabondoni@mail.ru