Дар ҳошияи конференсияи 5-уми илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Ҷаҳони русии Осиё. Ҷаҳони каломи русӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли ҷаҳонӣ”, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, олимпиадаи байналмилалӣ барои донишҷӯён оид ба забон ва фарҳанги русӣ ва озмуни иншои беҳтарин баргузор гардид, ки дар он донишҷӯйи курси сеюми факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Азизшозода Ниссо ба таври фосилавӣ ширкат карда, сазовори ҷойи аввал гардид.
