ДАСТУРИ ТАЪЛИМИИ “ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЖУРНАЛИСТИКАИ МУОСИР” БА НАШР РАСИД

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури таълимии номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи журналистика ва иттилооти рақамии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Гулчеҳра Сайфиддинова таҳти унвони “Технологияҳои журналистикаи муосир” ба нашр расид.

Дастури таълимии мазкур барои донишҷӯёни ихтисосҳои журналистӣ пешбинӣ гардида, фарогири масъалаҳои муҳимми фаъолияти амалии рӯзноманигорӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи воситаҳои ахбори омма ва дигар паҳлуҳои журналистикаи муосир мебошад.