Аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаҳои номзадии омӯзгорони Донишгоҳ Бӯстонзода Тахмина, Юсуфзода Аваз ва Ибодова Сайёҳат тасдиқ гардида, Бӯстонзода Тахмина, Ибодова Сайёҳат ба гирифтани унвони номзади илмҳои филологӣ ва Юсуфзода Аваз сазовори унвони номзади илмҳои сиёсӣ гардиданд.
Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода омӯзгорони Донишгоҳро, самимона бо ин дастоварди муҳимми илмӣ шодбош гуфта, барояшон муваффақият хоҳонанд.