ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Санаҳои 27-29 октябр дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал- Форобӣ Форуми байналмилалии “Табодули рақамии илм ва маориф дар давлатҳои Осиёи Миёна: забон, инноватсия ва фарҳанг” баргузор гардид, ки дар он доктори илмҳои филологӣ, декани факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳ Шаҳло Ҳасанзода ширкат ва суханронӣ намуд.