28 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода маҳфили навбатии рӯзноманигорони ҷавон “Тулуи сухан”, ки дар назди шуъбаи таҳлил ва иттилоот амал мекунад, таҳти унвони “Рӯзноманигори муосир чӣ гуна бояд бошад?” баргузор гардид.
Дар маҳфил сардори раёсати тарбия Кабирзода Дорошоҳ, номзади илмҳои филологӣ, омӯзгори кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ Муслима Маннонова, мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилоот Шаҳзод Қаюмов, донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ва узви маҳфил иштирок доштанд.
Муслима Маннонова, зимни суханронии худ ба мавқеъ ва масъулияти журналистон дар ҷараёни паҳнсозии иттилооти боэътимод таъкид намуда, зикр карданд, рӯзноманигорони муосир бояд дақиқназар, дурандеш ва забондон бошанд.
Роҳбари маҳфил Шаҳзод Қаюмов дар идома ба мавзуи таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури ҷавонон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва амнияти иттилоотӣ рӯ оварда, аз ташаббусҳои эҷодкоронаи рӯзноманигорони ҷавон дар муаррифии Донишгоҳ ёдовар шуд.
Ҳамчунин, узви маҳфили “Тулуи сухан” Сухроҷ Ашуров, Амина Мирова ва Манучеҳр Маҳмадизода барои ғанигардонии дониши иштирокчиён навори таърихӣ дар бораи ташаккули матбуоти тоҷик, таъсири рӯзномаҳо дар боло бурдани маърифати мардум ва нақши онҳо дар бедории фикрии ҷомеа намоиш дода шуд.
Дар хотима сардори раёсати тарбия Дорошоҳ Кабирзода оиди таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури ҷавонон ва нақши расонаҳои иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир, андешаронӣ карда, узви маҳфилро ба масъулияту дарки амиқ дар самти журналистӣ ва омӯзишу аз худ намудани илмҳои муосир даъват намуд.

