21 октябри соли 2026 даври аввали озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор гардид.
Донишҷӯёни Донишгоҳ аз рӯйи чор номинатсия — эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахт – шаҳри Душанбе, қироати шеъри беҳтарин, иҷрои суруди беҳтарин ва суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти мамлакат иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Озмунро аъзои ҳакамон баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро ба даври ноҳиявӣ пешниҳод намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ ва сарояндагию овозхонӣ мебошад.

