Боиси хушнудист, ки ба истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби нави номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Далер Комилов таҳти унвони “Ҳастии ватан ва фалсафаи ҳувияти миллӣ (герменевтикаи ҳастии миллат дар асри рақамӣ)” интишор гардид.
Китоби мазкур таҳқиқи фалсафӣ ва герменевтикии масъалаҳои Ватан, ҳувияти миллӣ, худшиносии таърихӣ ва буҳронҳои маънавии инсони муосир дар шароити тамаддуни рақамӣ мебошад.
Муаллиф масъалаи Ватанро падидаи ҳастишиносӣ, хотираи таърихӣ, забон, фарҳанг ва пояи суботи виҷдонии миллат таҳлил менамояд.
Далер Комилов бар пояи осори мутафаккирони Шарқ ва Ғарб, аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Абунасри Форобӣ, Мартин Ҳайдеггер, Чарлз Тейлор, Зигмунт Бауман ва дигарон, масъалаи Ватанро ҳамчун муҳити муқовимати маънавии инсон ба бегонагии фарҳангӣ ва карахтии рӯҳии асри рақамӣ баррасӣ менамояд.
Китоб барои муҳаққиқони соҳаи фалсафа, фарҳангшиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён пешбинӣ шудааст.
