РИСОЛАИ ДОКТОРИИ МУДИРИ КАФЕДРАИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ ДОНИШГОҲ ТАСДИҚ ГАРДИД

Сулаймонзода Баҳманиёр ба гирифтани унвони илмии доктори илмҳои фалсафа сазовор гардид. Бояд ёдрас шуд,ки 2 апрели соли 2026 мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Баҳманёр Сулаймонзода рисолаи докторияшро дар мавзуи “Мантиқ ва нақши методологии он дар таълимоти Абунасри Форобӣ ва Насируддини Тусӣ” дар шурои диссертатсионии 6D. КОА- 092 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя намуда буд.

Раёсати Донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Сулаймонзода Баҳманёрро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илми фалсафа таҳният гуфта, барои дар амал татбиқ намудани илмаш дар амал комёбиҳо таманно менамоянд.