Дар Донишгоҳи байналмилали забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқоти намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони ширкати байналмилалии «Эфекта» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода иштирок намуда, аҳаммияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамиро дар раванди таълим махсус таъкид кард.
Зимни суханронии худ муовини вазир зикр намуд, ки татбиқи лоиҳаи озмоишии омӯзиши забони англисӣ тавассути платформаи рақамии «Эфекта» натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, имкониятҳои нави истифодаи зеҳни сунъиро дар раванди таълим ошкор намудааст.
Қайд гардид, ки дар доираи лоиҳаи мазкур омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар фаъолона иштирок намуда, таҷрибаи арзишманд дар самти истифодаи воситаҳои муосири таълимӣ ва технологияҳои рақамӣ ба даст оварданд. Ҳамзамон, самаранокии платформа дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои забони англисӣ ва мутобиқ намудани раванди таълим ба стандартҳои байналмилалӣ мавриди арзёбии мусбат қарор гирифт.
Муовини вазир ба омӯзгорони забони англисӣ барои саҳми арзандаашон дар татбиқи лоиҳа, истифодаи самараноки технологияҳои нав ва рушди малакаҳои касбӣ изҳори сипос намуда, нақши онҳоро дар пешбурди раванди навсозии таҳсилот муҳим арзёбӣ кард.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда бо ширкати «Эфекта», механизмҳои татбиқи васеи платформа дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин роҳҳои таъмини устувории молиявии лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид карда шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати «Эфекта» ҳамчун яке аз самтҳои муҳими муосирсозии омӯзиши забони англисӣ ва рушди муҳити рақамии таълим дар кишвар арзёбӣ намуда, ҷонибдори идомаи истифодаи амалии платформа ва фароҳам овардани имкониятҳои бештари дастрасӣ барои омӯзгорону донишҷӯён мебошад.
Ҳамзамон, масъалаи харидорӣ ва ҷорӣ намудани иҷозатномаҳои истифодаи платформа барои донишҷӯён аз моҳи сентябри соли ҷорӣ ва ворид намудани хароҷоти марбут ба истифодаи технологияҳои рақамии таълимӣ ба нақшаҳои рушди муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2027–2028 баррасӣ гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъоли лоиҳа ва омӯзгороне, ки дар татбиқи муваффақонаи барномаи озмоишӣ саҳми назаррас гузоштаанд, сертификат дода шуд.





