ҚИСМИ СЕЮМИ ҲАМОИШҲОИ ИЛМӢ ДАР ЗЕРБАХШҲО

23 – юми апрели соли 2025 дар заминаи конференсияи илмӣ-амалии “Ҳамгироии илмҳои гуманитарӣ, ҷомеашиносӣ ва дақиқ дар рушди устувори ҷомеа дар асри рақамӣ” дар кафедраҳои филологияи англис, забони англисӣ барои ихтисосҳои ҳамгиро ва кафедраи филологияи Шарқи Наздик ҳамоишҳо зери унвони “Масъалаҳои мубрами филологияи англис” ва “Филологияи Шарқи Наздик” бо ширкати муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Бахтиёр Абдураҳимов, сардори раёсати илм ва инноватсия Шамсиддин Ҳайбуллоев, ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор гардид.
Дар ҳамоишҳои мазкур мавзуҳои мубрами филологияи англис ва филологияи Шарқи Наздик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Пешниҳод ва мавриди музокира қарор гирифтани мавзуҳои пешниҳодшуда, вусъат бахшидани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ яке аз мақсадҳои асосии ҳамоишҳо буд.
Ёдовар бояд шуд, ки силсилаҳамоишҳо дар заминаи “Ҳафтаи илми тоҷик” ба роҳ монда шудааст ва дар ҷамъбаст беҳтарин маводҳои илмӣ аз ҷониби раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ хоҳанд гашт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *