Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик 22 юми апрели соли 2025 дар кафедраҳои назария ва таърихи адабиёти тоҷик, методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти рус, педагогика, психология, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ конференсияҳои илмӣ – амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Ҳамгироии илмҳои гуманитарӣ, ҷомеашиносӣ ва дақиқ дар рушди устувори ҷомеа дар асри рақамӣ» дар сатҳи баланд доир гардид.
Рафти конференсияҳои илмӣ-амалӣ аз ҷониби раёсати илм ва инноватсия бо роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Бахтиёр Абдураҳимов ва сардори раёсати мазкур Шамсиддин Ҳайбуллоев мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар ҳамоишҳои илмӣ – амалии болозикр ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни муассиса фаъолона ширкат намуда, пиромуни мавзуҳои мубрам маъруза намуданд.
Аз рафти конференсияҳои илмӣ – амалӣ дар бахшҳо шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳ мунтаззам суратгузориш пешниҳод менамояд.