Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид, ки аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 4 ноҳияи пойтахт беш аз ҳазор нафар довталаб ташриф оварда, бо шароитҳои муосири таҳсил дар Донишгоҳ шинос гардиданд.
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ягона Донишгоҳ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки бо назардошти забони тоҷикӣ 14 забон таълим дода мешавад. Забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, ҳиндӣ, ӯзбекӣ, форсӣ, арабӣ, испанӣ ва итолиёвӣ аз ҷумлаи забонҳои тадрисшавандаи Донишгоҳ аст.
Дар Донишгоҳ 8 факултет ва як шуъбаи фосилавӣ фаъолият мекунад,ки донишҷӯён аз рӯи 40 ихтисос ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Дар ин боргоҳи забономӯзӣ омӯзгорони соҳибзабон ҷалб гардидаанд, ки ба донишҷӯён нозукиҳои забонҳои тадрисшавандаро меомӯзонанд.
Омӯзгорон дар раванди дарс аз методу усулҳои муосири омӯзиши забонҳои хориҷӣ истифода менамоянд. Аз ин рӯ донишҷӯёни Донишгоҳ иштирокчии бевоситаи олимпиадаҳои байналмилалӣ мебошанд
Барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар ихтисосҳо дар муассиса синфхонаҳои лингафонию мултимедӣ, омӯзгорони соҳибзабон ва муҳити хуби таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.
Дар рафти боздид довталабон аз синфхонаҳои лингофонию тарҷумаи синхронӣ, дарсҳои назариявӣ, марказҳои забономӯзӣ, маркази омӯзиши Пешвои миллат, осорхона ва китобхонаҳои анъанавию электронӣ дидан намуданд.
Барои ба даст овардани маълумоти бештар оид ба самтҳои мухталифи фаъолияти Донишгоҳ ба довталабон шумораи махсуси нашрияи “Паёми донишҷӯ” ва варақаи тарғиботӣ пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин барои болидахотирии довтабалон дар толори фарҳангии Донишгоҳ аз ҷониби дастаи ҳунарии “Субҳи ҷавонии мо ” – и муассиса чорабнии фарҳангӣ – фароғатӣ манзур карда шуд.