САҲМИ ВАО ДАР ҲИФЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Дар факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳ 20 октябри соли 2026 дар доираи нақша – чорабиниҳои моҳвораи забони тоҷикӣ семинари илмӣ – омӯзишӣ дар мавзуи “Саҳми ВАО дар ҳифзи забони давлатӣ” бо иштироки аъзоёни маҳфили “Зеҳни расона”- и кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ баргузор гардид.

Дар оғоз, мудири кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ Доро Наврӯззода ва роҳбари маҳфили “Зеҳни расона” Муслима Манонова суханронӣ карда, оид ба покиза нигоҳ доштан ва ҳифз кардани забони тоҷикӣ, саҳми рӯзноманигор дар ҳифзу асолати миллӣ сухан гуфтанд.

Ҳамчунин дар идома, муаллими калони кафедраи болозикр Гулчеҳра Сайфиддинова оид ба ҷанбаъҳои мухталифи риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ баромад кард.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни маҳфил маърузаҳо ва барномаи радиоӣ дар мавзуи “Забон – пайвандгари наслҳо” таҳия намуда, оид ба аҳамияти забони тоҷикӣ дар рушти ҷомеаи фарҳангӣ бо 3 забон – тоҷикӣ, олмонӣ ва англисӣ пешниҳоди иштирокчиён намуданд.

Дар рафти семинар маводи телевизионии донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ вобаста ба масъалаҳои мухталифи иҷтимоӣ, баргардон кардани филмҳои тасвирӣ ва роликҳои таблиғотӣ намоиш дода шуд.