Агар аз мо бипурсанд, ки миллатро чи гуна метавон дар як рамз таҷассум намуд, шояд яке аз ҷавобҳои муносибтарин Парчами давлатӣ бошад. Зеро Парчам на танҳо нишонаи зоҳирии давлат, балки шакли маънавии ифодаи ҳастии як ҷомеа мебошад. Дар он мафҳумҳое ҷамъ омадаанд, ки дар зиндагии ҳар миллат арзиши бебаҳо доранд: таърих, озодӣ, ҳувият, шараф ва ормони оянда.
Ба андешаи мо, арзиши воқеии Парчамро на танҳо аз ҷиҳати шаклу ранг, балки аз рӯи таъсири маънавие, ки ба тафаккури шаҳрвандон мерасонад, бояд арзёбӣ намуд. Парчам метавонад дар инсон ҳисси мансубият ба Ватанро бедор созад, ӯро ба шинохти решаҳои таърихии худ водор намояд ва масъулияташро дар назди ҷомеа бештар гардонад. Дар ин замина, Парчамро метавон ҳамчун як навъ паймони маънавии байни давлат ва шаҳрванд арзёбӣ кард. Давлат рамзҳои миллиро ҳифз менамояд ва шаҳрвандон бошанд, бо эҳтиром ба онҳо, риояи қонунҳо, меҳнати созанда ва садоқат ба Ватан дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳм мегузоранд.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи муҳим дар таърихи ҳар як халқ аст. Аммо истиқлолият танҳо бо эълони соҳибихтиёрӣ анҷом намеёбад. Он раванди пайвастаи ташаккули худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандиро талаб мекунад. Дар ин раванд Парчами давлатӣ нақши махсус дорад. Он ба мо хотиррасон мекунад, ки соҳиби давлат будан маънои соҳиби масъулият буданро низ дорад. Агар, аз Парчами худ ифтихор кунем, бояд бари сазовор будан ба ин ифтихор кӯшиш намоем.
Истиқлолияти ҳақиқӣ дар он зоҳир мешавад, ки шаҳрвандон тавонанд бо дониш, малака, фарҳанг ва фаъолияти созандаи худ дар рушди кишвар саҳм гузоранд. Миллате, ки ба илму маърифат, ахлоқи ҳамида ва нерӯи зеҳнии насли ҷавон такя мекунад, метавонад ояндаи худро бо иродаи устувор бунёд намояд. Аз ин нуқтаи назар, Парчам танҳо рамзи гузаштаи пурифтихор нест, балки даъват ба сохтани ояндаи арзанда низ мебошад.
Фарҳанги эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими фарҳанги ҳуқуқӣ ва маънавии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Эҳтиром ба Парчам бояд аз доираи маросимҳои расмӣ берун рафта, ба як ҷузъи тафаккур ва рафтори ҳаррӯзаи шаҳрвандон табдил ёбад. Шаҳрвандони огоҳ медонанд, ки эҳтиром ба Парчам танҳо бо суханони пурэҳсос ифода намешавад. Он пеш аз ҳама дар муносибат ба Ватан, ба қонун, ба ҷомеа ва ба арзишҳои инсонӣ зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, бояд дарк намоем, ки Парчам танҳо дар болои биноҳои давлатӣ ё майдонҳои тантанавӣ набояд баланд бошад. Маънои он бояд дар шуури шаҳрвандон, дар рафтори ҷавонон ва дар фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа ҷойгоҳи устувор дошта бошад.
Ояндаи ҳар давлат аз сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти насли ҷавони он вобастагии амиқ дорад. Ҷавонон танҳо ворисони арзишҳои миллӣ нестанд, балки идомадиҳандагон ва ғанигардонандагони онҳо низ мебошанд. Дар ин замина, Парчами давлатӣ барои ҷавонон бояд на танҳо рамзи ифтихор, балки меъёри муайянкунандаи масъулият низ бошад.
Дар ҷаҳони имрӯза симои ҳар як давлат на танҳо тавассути сохтори сиёсӣ ва имкониятҳои иқтисодии он, балки бо дастовардҳои илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва маънавии шаҳрвандонаш муаррифӣ мегардад.
Парчами давлатӣ дар ин раванд нақши рамзии муҳим дорад. Ҳар гоҳ ки он дар минбарҳои байналмилалӣ парафшон мешавад, номи Тоҷикистон низ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор мегирад. Пирӯзии варзишгар, дастоварди олими ҷавон, муваффақияти донишҷӯ дар озмунҳои байналмилалӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ дар чорабиниҳои ҷаҳонӣ – ҳамаи ин имкониятҳое мебошанд, ки тавассути онҳо обрӯи давлатболо меравад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани нуфузи Парчам танҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ нест. Ин рисолати муштараки ҳамаи шаҳрвандон мебошад. Ҳар як дастоварди арзанда метавонад ба як саҳифаи нави таърихи муваффақияти Тоҷикистон табдил ёбад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо фурсати муносибест, ки муносибати худро ба мафҳумҳои Ватан, истиқлолият, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз нав арзёбӣ намоем. Парчамро бо эҳтиром баланд мебардорем, аммо онро бо дониш, ваҳдат, меҳнати ҳалол ва масъулияти шаҳрвандӣ сарбаланд нигоҳ медорем.
Малоҳат Туева, магистранти курси дуюми Донишгоҳ