ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ САРБАЛАНДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, нишонаи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва ҳастии ҳар як миллат ба шумор меравад. Он на танҳо таҷассумгари давлату миллат, балки оинаи таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ, ормонҳои миллӣ ва роҳи тайкардаи халқ дар масири давлатсозию давлатдорӣ мебошад. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик Парчами давлатӣ рамзи нангу номус, худшиносии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ифтихори ватандорист.

Қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии давлат дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ташаккули низоми нави давлатдорӣ аҳаммияти бузург дошт. Аз ҳамин ҷиҳат, 24-уми ноябр на танҳо як санаи тақвимӣ, балки рӯзи таҷассуми ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ мебошад.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 ноябр ба ҳайси Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид. Ин иқдом барои баланд бардоштани мақоми Парчами давлатӣ ва таҳкими эҳтироми шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои миллӣ аҳаммияти муҳим касб намуд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се ранг — сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар қисми марказии он тоҷи тиллоӣ ва ҳафт ситора тасвир ёфтаанд. Ҳар як унсури он мазмуну муҳтавои хос дошта, дар маҷмӯъ симои таърихӣ, фарҳангӣ ва ормонҳои миллии мардуми тоҷикро ифода мекунад.

Ранги сурх рамзи муборизаю ҷоннисорӣ барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ ва нияти нек, ранги сабз бошад, рамзи сарсабзӣ, ҳаёт, табиати зебо ва ободии сарзамини аҷдодӣ мебошад. Тоҷ рамзи давлатдории миллӣ ва соҳибихтиёрӣ буда, ҳафт ситора орзуву ормонҳои неки халқ ва рамзи саодату хушбахтӣ мебошанд.Дар ҳақиқат, Парчами давлатӣ таҷассумгари арзишҳое мебошад, ки дар тӯли асрҳо барои миллати тоҷик аҳаммияти бузург доштаанд. Он моро ба ёд овардани таърихи пурифтихори ниёгон, эҳтироми мероси фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ водор месозад.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ роҳи рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии худро муайян намояд. Аммо бояд таъкид кард, ки нигоҳ доштани истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини сулҳу субот аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баланд ва садоқати самимӣ ба Ватанро тақозо мекунад.

Солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон давраи ниҳоят мураккаби таърихӣ буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар таъсири вазнин расонида, зарурати барқарор намудани сулҳу субот ва таъмини ваҳдати миллиро ба масъалаи аввалиндараҷаи давлат табдил дод.Дар чунин шароити тақдирсоз нақши роҳбарияти сиёсии кишвар ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди музокироти сулҳ ва расидан ба ризоияти миллӣ мавқеи муҳим доранд.27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Имрӯз, вақте ки ба Парчами давлатии худ менигарем, бояд дарк намоем, ки он рамзи давлатест, ки мардуми он бо вуҷуди мушкилоти таърихӣ барои расидан ба сулҳу субот, ваҳдат ва зиндагии осоишта талош намудааст.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба аҳаммияти Парчами давлатӣ чунин таъкид намудаанд:

«Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст муқаддас аст».

Ин андеша аҳаммияти тарбиявию маънавии Парчамро боз ҳам равшан месозад. Зеро эҳтиром ба Парчам дар асл эҳтиром ба давлат, миллат, таърих ва арзишҳои муқаддаси миллӣ мебошад.Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва тарбияи ватандӯстии насли наврас аҳаммияти махсус пайдо мекунад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҷовидонаи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Он таҷассумгари ормонҳои таърихӣ ва пайванди маънавии наслҳои гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик аст.

Раҳмонова Моҳина, ассистенти кафедраи зеҳни сунъӣ ва педагогикаи рақамӣ.