Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин шахсиятҳои бузурги давлатию таърихӣ мебошанд, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ дар рушду тараққӣ кардани забони давлатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Бале, забон ба унвони падидаи фарҳанги миллӣ аз замони пайдоиш барои нигаҳдории таърих, арзишҳои маънавии миллат, анъана ва суннатҳои мардумӣ хизмат намуда, ҳамчун муҳимтарин унсури бақои миллат худро муаррифӣ кардааст. Тавассути забони давлатӣ дар ҳофизаи хаттии миллатҳо маҷмуи тафаккур ва андешаи мардум ҳамчун мероси маънавӣ аз наслҳои гузашта то имрўз нигаҳдорӣ гардидааст, ки барои таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ мусоидат мекунад.
Дар ҳамин радиф Пешвои миллат чунин зикр менамоянд, ки «Мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳарчи бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад».
Албатта, дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо кӯшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба пуррагӣ дигар шуд. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон Роҳбари давлатонро ҳамчун рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд, ки аз азамату ҷалол ва иқтидору нерую тавоноии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати мардуми дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.
Дар баробари ин, чунонки Пешвои миллат таъкид мекунанд, ҳар шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кӯшиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст.
Бахусус, ташкил намудани мулоқоту суҳбатҳо бо ҷалби олимону адибони маъруф, омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабӣ, аз бар кардани шеърҳо ва ғайра, ки имконияти бештари бедор намудани завқу шавқи ҷавононро дар пай доранд, барои қавӣ гардонидани ҳофизаи таърихии хонандагону донишҷӯён зарур мебошад.
Мояи ифтихору сарбаландист, ки Пешвои муаззами миллат пуштибону ҳомии забони тоҷикӣ мебошанд ва ба забон ҳамчун рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувориву будубоши давлат ба ҳайси муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд.
Чунонки дар ин маврид Сарвари давлат ишора намудаанд: «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд».
Забони тоҷикӣ муаррифгари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Забон барои миллат ва устуворгардии давлат нақш ва мақоми арзандаеро соҳиб мебошад. Боиси ифтихор аст, ки ниёгони мо дар давраҳои тӯлонии таърих ба ҳамлаву ғоратгариҳои дигар миллату давлатҳо зиддият нишон дода, забони тоҷикиро ҳифз намуда ҳамчун мероси гаронбаҳо барои ояндагон боқи гузоштаанд.
Мо халқи тоҷик вазифадорем, ки барои устуворгардонидан, сайқал додан ва боло бурдани маърифати забони давлатӣ заҳматҳо бикашем ва кӯшиши худро ба харҷ дода, чун ғояҳои милии ҳар як миллат дар забон ва фарҳангии он ифода ёфта, таҷассумгари давлат мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Мову шумо бояд наслҳои имрӯзу фардои миллатро аз ин мероси бузурги аҷдоди огоҳ созем дар замири онҳо эҳсоси ифтихор аз давлатдорӣ, қадру қиммати давлати мустақили миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, шинохтани қадри гузаштагони хирадманди худро тарбия намоем. Таърих сабақомӯз аст ва ягон халқу миллат беарҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлолият ва оини давлатдориаш расида наметавонад».
Фаромӯш набояд кард, ки забони тоҷикӣ таърихи чандин асра дошта, дар замони салтанати давлати Сомониён ҳамчун забони давлатӣ эътироф гаштааст, ки шаҳодат аз бонуфуз ва пурғановат будани он медиҳад. Баъд аз сарнагун гаштани давлати тоҷикон натавонистанд забони тоҷикиро ба боди фано бикашанд, чун шахсиятҳое ба монанди А. Рӯдакӣ, А. Фирдавсӣ, А. Сино, У. Хайём, А. Ҷомӣ, А. Бедил ва дар замони муосир С. Айнӣ, Н. Туғрал, М. Турсунзода, Б. Гафоров асарҳо ва китобҳои арзишмандеро ба қалам додаанд, ки барои бунёди давлати тоҷикон ва аз байн нарафтани забони тоҷикӣ заминаи хубе муҳайё сохтаанд.
Пеш аз истиқлолият ба даст овардан дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи забони давлатӣ» қабул шуд, ки яке аз дастовардҳои бузурги таърихӣ барои миллати тоҷик мебошад.
Ҳамчунин қайд бояд кард, ки забони тоҷикӣ дар волотарин санади меъёрӣ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун забони расмии давлатӣ дарҷ гардидааст.
Вобаста аз қонуне, ки дар соли 1989 қабул шуда буд, то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22- июл ҳамчун “Рӯзи Забон” ҷашн гирифта мешуд. Хосатан таҳти роҳбари ва таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони давлатӣ ва барои рушду такмили забони тоҷикӣ пешниҳод дар бораи қонуни нави забони давлатӣ намуд. Қонунгузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ тарҳи нави лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро қабул намуданд ва 5-октябри соли 2009 баъд аз имзои Президент ва интишор расмӣ ба амал даромада, ҳамасола 5 уми октябр ҳамчун “Рӯзи забони давлатӣ” бо тантана дар Љумҳурии Тољикистон ҷашн гирифта мешавад.
Раҷабов Абубакр, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи филологияи Шарқи Наздик