ОМӮЗГОР – ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА РОҲНАМОИ ҶОМЕА

Омӯзгор дар ҷомеа на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тарбиятгари насли оянда, ахлоқ ва худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Омӯзгори соҳибмаърифат ва масъул дар рушди давлату миллат нақши ҳалкунанда мегузорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» на фақат санади меъёрии ҳуқуқӣ, балки эътирофи арзиш ва мақоми баланди омӯзгор дар ҷомеа ба шумор меравад. Қабули қонуни мазкур омӯзгоронро ба фаъолияти боз ҳам самаранок, тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва содиқ ба Ватан ҳидоят мекунад.

Қонуни мазкур масъулияти омӯзгорро ҳамчун шахси уҳдадор дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврасу ҷавон барои оянда ба таври аниқ муайян карда, водор месозад, ки ҳар як омӯзгор ба касби худ содиқ буда, дониши худро пайваста сайқал диҳад ва усулҳои муосири таълимро дар раванди дарс истифода намояд. Аз ҷониби дигар, қабули қонуни мазкур ҳамчун қадами муҳим дар самти ислоҳоти соҳаи маориф ба шумор рафта, ҳуқуқу уҳдадориҳои омӯзгоронро мушаххас менамояд, ки ин, дар навбати худ, ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия ва рушди устувори соҳаи маориф мусоидат намуда, барои такмили сиёсати давлатӣ дар самти маориф заминаи ҳуқуқии боэътимод фароҳам меорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ва вохӯриҳои худ пайваста дар бораи баланд бардоштани мақоми омӯзгор таъкидҳои махсус намуда, онро ҳамчун омили муҳимми рушди ояндаи ҷомеа арзёбӣ менамоянд. Чунки маҳз омӯзгор аст, ки ба насли наврас асосҳои илм, фарҳанг ва арзишҳои маънавиро омӯзонда, дар натиҷа шахсиятеро тарбия мекунад, ки метавонад миллатро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ кунад.

Омӯзгор ба шогирдон дониш омӯзонда, инчунин тарбиятгари насли наврас, роҳнамои ҷавонон, ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинӣ ва яке аз бунёдгузорони ояндаи ҷомеа мебошад. Аксари дастовардҳои инсонӣ аз муҳити мактаб, аз дарси аввал ва аз сухани нахустини омӯзгор оғоз меёбанд ва бинобар ин, рушди ҷомеа ва таҳкими пояҳои маънавию илмии он ба сифати таълиму тарбия ва мақоми омӯзгор алоқаи ҷудонашаванда дорад.

Дар шароити муосир, ки илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ босуръат рушд мекунанд, талабот ба сатҳу сифати таълиму тарбия низ бештар мегардад. Дар чунин ҳолат омӯзгор бояд пайваста дониш ва малакаи касбии худро такмил дода, аз комёбиҳои муосири илмӣ ва усулҳои муосири таълим огоҳ бошад ва дар баробари омӯзонидани дониш, дар қалби шогирдон шавқу рағбати донишомӯзӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро ташаккул диҳад.

Омӯзгор танҳо шахсе нест, ки ба шогирдон дониш меомӯзонад. Ӯ ҳамзамон тарбиятгари насли наврас, роҳнамои ҷавонон, ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинӣ ва яке аз бунёдгузорони ояндаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бисёре аз дастовардҳои инсонӣ аз муҳити мактаб, аз дарси аввал ва аз сухани нахустини омӯзгор оғоз меёбанд. Аз ин рӯ, рушди ҷомеа ва таҳкими пояҳои маънавию илмии он ба сифати таълиму тарбия ва мақоми омӯзгор робитаи ногусастанӣ дорад.

Воқеан, омӯзгор дар тарбия ва ташаккули насли ояндасоз нақши муҳим дорад. Ҳар як дарс, ҳар як сухан ва ҳар як муносибати омӯзгор метавонад дар ташаккули шахсияти шогирд таъсири назаррас дошта бошад. Омӯзгор бо нури дониш ва маърифат роҳи зиндагии шогирдро равшан намуда, ӯро ба сӯи дониш, маърифат ва андешаи созанда ҳидоят мекунад. Аз ин ҷост, ки эҳтиром ба омӯзгор набояд танҳо ба Рӯзи омӯзгор ё оғози соли таҳсил маҳдуд гардад. Эҳтиром ба омӯзгор, пеш аз ҳама, эҳтиром ба дониш, мактаб, илм, маърифат ва ояндаи ҷомеа мебошад. Чунин муносибат бояд дар муҳити оила, мактаб ва ҷомеа пайваста тақвият ёбад.

Ҷомеаи муосир ба омӯзгори донишманд, навовар, масъулиятшинос, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии васеъ ниёз дорад. Омӯзгори муосир бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад, аз имкониятҳои технологияҳои муосир самаранок истифода барад ва дар баробари донишҳои соҳавӣ, ба тарбияи маънавию ахлоқии хонандагон низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд.

Омӯзгор чароғи маърифат ва роҳнамои ҷомеа буда, тухми донишро дар замири шогирдон паҳн намуда, онҳоро бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва масъулият парвариш менамояд ва умед мебандад, ки рӯзе аз онҳо дарахти пурбори маърифат ба камол мерасад. Бинобар ин, номи омӯзгор бо масъулияти бузург ва рисолати созанда пайвастагӣ дорад. Ин касб аз инсон дониши амиқ, маҳорати баланди касбӣ, сабру таҳаммул, муносибати инсонпарварона ва муҳаббат ба насли наврасро тақозо мекунад.

Омӯзгор будан танҳо соҳиби касб будан набуда, балки омӯзгор масъулияти тарбияи инсон ва саҳмгузорӣ дар ояндаи ҷомеаро ба уҳда дорад. Пас, қадршиносии омӯзгор бояд ҷузъи фарҳанги ҷомеа бошад. Ҳар қадар мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд бошад ва барои фаъолияти созандаи ӯ шароити муносиб фароҳам оварда шавад, ҳамон қадар имкони рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли соҳибмаърифат бештар мегардад.

Фирўза Раҷабова, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи психологияи факултети муносибатҳои байналмилалӣ.