Тоҷикон яке аз миллат ва халқиятҳои соҳибтамаддуни дорои таърих ва фарҳанги куҳан маҳсуб меёбанд, ки инро илми таърих ва сарчашмаҳои таърихӣ исбот намудаанд. Аммо баъди салтанати бузурги Сомониён, ки тоҷикон давлати мустақили худро доштанд, бо таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон дар ҳайъати Иттифоқи Шуравӣ мо мустақилияти комил надоштем. Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Таърихи Истиқлолияти давлатии мо чаҳоряк аср бошад ҳам, умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост”.
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолият ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.
Имрӯз ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 сол пур гардид ва дар ин муддати на он қадар тӯлонии таърих дастовард ва муваффақиятҳои ба дастомада ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназир мушарраф гардонид.
Яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлолият аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Дар оғози соҳибистиқлолӣ муттаасифона аз сабаби мудохилаи қувваҳои беруна, гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида, авзои сиёсии мамлакатро вазнин гардонид.
Хушбахтона баргузории Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд ва ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ, сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор дар роҳи истиқлолияти комили миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузошта шуд. Ҳукумати навтаъсиси мамлакат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ пайваста тадбирҳои муассирро дар роҳи таъмини сулҳу субот, амалӣ намуд.
Раванди таҳкими истиқлолият ва бунёди давлатдории миллии тоҷиконро бо чанд ҷанба ва амалҳои таърихии Сарвари давлат ҳамчун бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол метавон, шарҳу эзоҳ дод. Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлолият ба миён омад ин интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд.
Сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи бӯҳронии кишвар бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардид. Аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 дар кишварҳои хориҷии дуру наздик музокираҳои байни тоҷикон баргузор гардида, санади барои халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо сарнавиштсозу таърихӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошта шуда, таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон аз ҷониби Дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан ҳамчун модели муассири ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ ба давлатҳое, ки ба бӯҳрони сиёсӣ, ҷангҳои байниҳамдигарӣ дучор гардидаанд, тавсия карда шуд. Расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои қабул ва амалӣ намуданисанадҳои ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат доир ба ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ ҳамчун Сарвари давлат роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намуданд.
Қадами дигари хеле муҳим дар роҳи бунёди давлати миллӣ, давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон ин ба вуҷуд овардани низоми нави ҳуқуқи миллӣ ба ҳисоб меравад. Тарҳрезии низоми нави ҳуқуқӣ ҳамчун таҳкурсии бинои давлати нав, роҳу василаи эъмори он заминаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ғоявӣ ва дар маҷмӯъ тантанаи демократия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.
Ба вуҷуд овардани низоми ҳуқуқи миллӣ бо таҳия ва қабули Қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” яке аз дастовардҳои нодир дар роҳи бунёди давлати миллӣ буд, ки маҳз бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои миллат қабул гардиданд. Низоми ҳуқуқи миллӣ дар Тоҷикистон бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ бо ташаббуси Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал аз ҷониби тамоми мардум, давлатҳои мухталиф пазируфта шуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд.
Имрӯз, ки Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад, ҷомеаи мо бо эҳсоси ифтихор ба роҳи тайшуда назар мекунад. Ин сию панҷ сол на танҳо солҳои бунёди роҳҳо, неругоҳҳо, корхонаҳо, шаҳру деҳоти нав, балки солҳои таҳкими давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди маорифу илм ва ташаккули насли нави соҳибмаърифату ватандӯст мебошанд.
Аз ин рӯ вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад.Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари асосии фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар тамоми ҷараёни давлатсозӣ, давлатдории навини тоҷикон қарор дорад.
Чориева Муҳаббат, ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ.