ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОР ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатӣ яке аз арзишҳои бузургтарин ва муқаддаси ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Барои мардуми тоҷик ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар оғози солҳои 90-уми асри 20 руйдоди муҳими таърихӣ буда, барои эҳёи давлатдории миллӣ ва муайян намудани роҳи мустақили рушди кишвар заминаи устувор фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ба марҳилаи нави таърихии рушди давлатдорӣ ворид гардид.

Соли 2026 Тоҷикистон 35-солагии Истиқлолияти давлатии худро таҷлил менамояд. Ин сана на танҳо як ҷашни миллӣ, балки имкони арзёбии дастовардҳои кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ, таҳлили роҳи тайшуда ва муайян намудани ҳадафҳои минбаъдаи рушди давлат мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик имконият фароҳам овард, ки арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихи худро дар шароити давлати мустақил рушд диҳанд. Дар ин давра масъалаҳои таҳкими давлатдорӣ, эҳёи забон ва фарҳанги миллӣ, ҳифзи мероси таърихӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд.

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои давраи соҳибистиқлолӣ таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буд. Пас аз давраи душвори аввали истиқлолият Тоҷикистон тавонист бо роҳи музокирот ва ҳамдигарфаҳмӣ ба сулҳи миллӣ расад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии суботи ҷомеа барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Дар тӯли 35 соли истиқлолият дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар тағйироти назаррас ба амал омаданд. Аз ҷумла, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энегетика, нақлиёт, саноат ва инфрасохтор як қатор барномаҳои муҳими давлатӣ амалӣ гардиданд.

Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд пеш аз ҳама ҳамчун рамзи дастовардҳои даврони сиҳибистиқлолӣ, эҳтиром ба Ватан ва масъулият барои ояндаи Тоҷикистон арзёбӣ гардад. Тоҷикистон бо такя ба сулҳу ваҳдат, дониш, меҳнати созанда ва неруи ҷавонон метавонад ба марҳилаҳои нави рушди устувор қадам гузорад. Ҳифзи истиқлолият вазифаи танҳо давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Эҳтироми Ватан, риояи қонун, саҳм гузоштан дар рушди ҷомеа, омӯзиши дониш ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз муҳимтарин вазифаҳои шаҳрванди ба ҳисоб мераванд.

35-солагии истиқлолият пеш аз ҳама фурсати андеша кардан аст. Агар мо танҳо дастовардҳоро номбар кунем, ҷашнро таҷлил мекунем; аммо агар аз таҷрибаи 35 сол сабақ гирем, мо ояндаро месозем. Агар насли имрӯз тавонад истиқлолиятро ҳамчун озодӣ, дониш, масъулият, ваҳдат дарк намояд, рас 35 соли гузашта на танҳо саҳифаи пурифтихори таърих, балки заминаи боэтимоди садсолаҳои ояндаи давлатдории тоҷикон хоҳад шуд.

Ҳасанова Наргис, ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии факултети муносибатҳои байналмилалӣ.