Дар таърихи ҳар миллат лаҳзаҳое ҳастанд, ки на танҳо марзи як давра, балки оғози ҳастии нав мегарданд. Барои халқи тоҷик чунин лаҳза рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 буд, рӯзе, ки эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва тоҷикон пас аз садсолаҳо зиндагӣ дар таркиби давлатҳои гуногун, бори дигар соҳиби давлати мустақили худ гардиданд. Имрӯз, вақте ки 35 сол аз он рӯзи таърихӣ мегузарад, мо на танҳо як санаи муҳимро ҷашн мегирем, балки роҳи пурфарозу нишеби як миллатро аз нав арзёбӣ мекунем. Миллате, ки дар се даҳсолаву ним аз домани фалокатҳо то афроз ба сӯи ободӣ гузашт.
Истиқлолият барои ҳар халқ на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки арзиши муқаддас аст. Он ифодагари ҳуқуқи миллат ба худидоракунӣ, ҳифзи забон, фарҳанг, таърих ва ҳастии миллӣ мебошад. Барои тоҷикон, ки соҳиби яке аз қадимтарин тамаддунҳои ҷаҳонанд ва бунёдгузори давлатдории классикии форсу тоҷик давлати Сомониён маҳсуб мешаванд, касби Истиқлолият дар асри бист маънии барқарорсозии адолати таърихиро дошт.
Барои дарк намудани аҳамияти Истиқлолияти имрӯза, зарур аст, ки назаре ба гузаштаи дури таърихӣ андозем. Тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин халқҳои эронинажод буда, тамаддуни онҳо решаҳояшро ба ҳазорсолаҳои пеш аз мелод мерасонад. Дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон ва атрофи он давлатҳои бузурге чун Бохтар, Суғд, Хоразм арзи вуҷуд доштанд, ки дар рушди илм, фарҳанг ва тиҷорати роҳи абрешим саҳми бузург гузоштанд.
Аммо давраи тиллоии давлатдории тоҷикон бешубҳа ба асрҳои IX–X, замони ҳукмронии сулолаи Сомониён рост меояд. Дар аҳди Сомониён шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд ба марказҳои бузурги илму фарҳанги ҷаҳони ислом табдил ёфтанд. Дар ҳамин давра буд, ки нобиғаҳое чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ падари шеъри форсӣ – тоҷикӣ, Абӯалӣ ибни Сино файласуф ва табиби бузурги ҷаҳонӣ, ва даҳҳо олиму адиби дигар ба арсаи таърих қадам гузоштанд ва мероси гаронбаҳое офариданд, ки то имрӯз чароғи маърифати инсониятро равшан медоранд.
Рӯзи 9 сентябри соли 1991 Шрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори таърихии эълони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қабул кард. Ин рӯз ба сифати рамзи бозгашти миллат ба масири табиии таърихии худ ва оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ дар хотираи халқ абадӣ гардид. Аз ҳамон рӯз минбаъд Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҳуқуқи байналмилалӣ, соҳиби парчам, нишон, суруди миллӣ ва сарҳадоти мустақили худ гардид.
Аммо роҳи Истиқлолият барои тоҷикон бо гулфарш пӯшонда нашуда буд. Дар солҳои аввали баъди истиқлолият, мамлакат бо як озмоиши сахти таърихӣ рӯбарӯ гардид, низои дохилии шаҳрвандӣ, ки аз соли 1992 то 1997 идома ёфт ва ба ҷомеаи тоҷик зарбаи бузурге зад. Ихтилофоти сиёсиву минтақавӣ, вобаста ба тақсими қудрат дар шароити нави давлатдорӣ, ба хунрезии бародаркуш табдил ёфт. Ҳазорон нафар инсонҳои бегуноҳ қурбон шуданд, садҳо ҳазор нафар маҷбур гардиданд, ки хонаву кошонаи худро тарк кунанд, иқтисодиёти ҷавони мамлакат вайрон гардид ва инфрасохтори он ба харобазор мубаддал шуд.
Пас аз барқарор шудани сулҳ, Тоҷикистон роҳи дурударозе аз барқарорсозӣ то рушди устуворро паймуд. Имрӯз, вақте ки ба натиҷаҳои 35 соли Истиқлолият назар меандозем, метавон бо ифтихор гуфт, ки мамлакат аз харобазори солҳои ҷанг ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст.
Дар соҳаи энергетика яке аз дастовардҳои таърихии Тоҷикистон бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки дар қатори иншооти бузургтарини гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ қарор дорад. Ин лоиҳа на танҳо масъалаи истиқлолияти энергетикии мамлакатро ҳал мекунад, балки имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ба содиркунандаи нерӯи барқи «сабз» дар минтақа табдил ёбад.
Дар соҳаи инфрасохтор садҳо километр роҳи нав, кӯпрукҳо ва нақбҳо, аз ҷумла нақби «Истиқлол» (собиқ «Анзоб»), сохта шуданд, ки алоқаи байни минтақаҳои гуногуни кишварро, бавижа дар мавсими зимистон, беҳтар намуданд. Тоҷикистон аз кишвари бунбасти нақлиётӣ ба кишваре табдил ёфт, ки дорои шабакаи васеи роҳҳои автомобилгард аст.
Дар соҳаи маориф ва илм шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна афзоиш ёфт, ҳазорон ҷавонон имкони таҳсил дар донишгоҳҳои беруна пайдо карданд, ва барномаҳои давлатии дастгирии илм, аз ҷумла эълони солҳои гуногун ба нафъи илм, маориф ва фарҳанг, роҳандозӣ гардиданд.
Дар соҳаи фарҳанг Тоҷикистон тавонист мероси бузурги худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд, аз ҷумла бузургдошти Наврӯз, забони тоҷикӣ-форсӣ ва мероси адабии классикӣ, ки дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, эътироф гардиданд.
Дар соҳаи иқтисод Тоҷикистон, бо вуҷуди мушкилоти геополитикӣ ва иқлимӣ, тавонист сатҳи камбизоатиро назар ба солҳои аввали истиқлолият ба таври назаррас коҳиш диҳад, соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ рушд кунад ва сармоягузории хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷалб карда шавад.
Сухан дар бораи 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон бидуни зикри хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нопурра хоҳад буд. Маҳз бо ташаббус, ирода ва тадбири хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон тавонист аз домани фалокати ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфта, ба роҳи сулҳу созандагӣ қадам гузорад.
Бо талошҳои Пешвои миллат, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва масъулиятшинос муаррифӣ гардид. Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти кишвар оид ба масъалаи об, аз ҷумла эълони солҳои байналмилалии амал дар мавзӯи об, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, обрӯи дипломатии Тоҷикистонро дар ҷаҳон боло бурданд.
Дар тули 35 соли Истиқлолият, Тоҷикистон тавонист худро ҳамчун узви фаъол ва масъулиятшиноси ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Кишвар узви Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва даҳҳо созмони бонуфузи дигари байналмилалӣ мебошад. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавзуи об, аз ҷумла эълони солҳои байналмилалии амали «Об барои ҳаёт» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал» дар ин самт, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо эҳтироми баланд пазируфта шуданд ва обрӯи дипломатии кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Яке аз бузургтарин дастовардҳои Истиқлолият барқарор шудани мақоми давлатии забони тоҷикӣ мебошад. Забон, ки дар тӯли асрҳо василаи ифодаи андешаи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҷомӣ, Ҳофиз ва даҳҳо нобиғаи дигари адабиёти форсу тоҷик буд, имрӯз дар мактабу донишгоҳҳо, воситаҳои ахбори омма ва идораҳои давлатии Тоҷикистон озодона ва бо шукӯҳи хоси худ садо медиҳад.
Дар ин давра, ҳисси худшиносии миллӣ низ рушд кард. Тоҷикон бори дигар бо таърихи ғании худ, бо мероси Сомониён, бо фарҳанги қадимаи Осиёи Марказӣ ифтихор мекунанд ва наслҳои нав дар рӯҳияи эҳтиром ба гузаштаи худ тарбия меёбанд. Ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Рӯзи Истиқлолият, ба намоди воҳидии миллӣ ва шодии умумихалқӣ табдил ёфтаанд. Ҳар санаи муҳими таърихӣ на танҳо фурсати нигоҳи бозгашт ба гузашта, балки лаҳзаи андешидан дар бораи оянда низ мебошад. Тоҷикистони имрӯза, бо аҳолии ҷавон, бо захираҳои табиии фаровон, бавижа обу энергия, ва бо мавқеи стратегии худ дар қалби Осиёи Марказӣ, дорои имконоти бузурги рушд дар оянда мебошад.
Роҳандозии сиёсати «дарҳои кушода», рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика, тақвияти иқтисодиёти рақамӣ, гуногунсозии истеҳсолот ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа инҳо самтҳое мебошанд, ки метавонанд Тоҷикистонро дар даҳсолаҳои оянда ба сатҳи нави рушд бирасонанд. Наслҳои ҷавони тоҷик, ки бо забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир ошноӣ доранд, метавонанд бунёдгузорони марҳилаи нави тараққиёти кишвар гарданд.
Хулоса, 35 соли Истиқлолият барои Тоҷикистон роҳи пур аз озмоишу омӯзиш, шикасту дастовард, ғаму шодӣ буд. Аз рӯзҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ то бунёди иншооти бузурги миллӣ, аз харобазор то ободӣ ин масир нишон медиҳад, ки миллате, ки решаҳои таърихии амиқ ва иродаи қавӣ дорад, метавонад ҳар мушкилотро паси сар кунад ва ба сӯи ояндаи дурахшон қадам ниҳад.
Истиқлолият танҳо як санаи таърихӣ нест, он масъулияти ҳаррӯза дар назди наслҳои гузашта ва оянда мебошад. Он моро водор месозад, ки ватани худро дӯст бидорем, забону фарҳанги худро ҳифз намоем, ва бо меҳнати софдилона дар роҳи ободии Тоҷикистони азиз саҳм гузорем. Бигзор ин рӯзи фархунда 9-уми сентябр ҳамеша нишонаи ифтихор, ваҳдат ва умеди миллати тоҷик боқӣ монад, ва Тоҷикистони соҳибистиқлол дар масири сулҳу тараққӣ рӯз то рӯз тавонотар ва обод гардад.
Зинда бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Акрамзода Нӯшервон, ассистенти кафедраи забонҳои романӣ – германии факултети забонҳои Аврупо