ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ (2027-2036): ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ БУНЁДИ ОЯНДАИ ОСОИШТА

Сулҳ аз бузургтарин арзишҳои инсоният ба ҳисоб рафта, заминаи асосии зиндагии осоишта, рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти илму маориф ва шукуфоии давлату миллат мебошад. Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки танҳо дар фазои сулҳу субот давлатҳо метавонанд ба ҳадафҳои бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худ ноил гарданд. Баръакс, ҷанг ва низоъҳо боиси харобшавии давлатҳо, коста гардидани арзишҳои инсонӣ ва аз байн рафтани имкониятҳои рушд мегарданд.

Имрӯз инсоният дар баробари таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла, низоъҳои мусаллаҳона, терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим, муҳоҷирати иҷборӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва кибертаҳдидҳо қарор дорад. Дар чунин шароит масъалаи таҳкими сулҳ ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ миёни давлатҳо ба яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ пайваста сиёсати созандаву инсонпарваронаро пеш мебарад. Яке аз муҳимтарин иқдоми байналмилалии Тоҷикистон пешниҳод намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда мебошад. Ин ташаббус, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, идомаи мантиқии сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ва саҳми арзишманди кишвар дар таҳкими амнияту суботи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Ҳадафи асосии ин даҳсола ташаккули фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирии низоъҳо ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Зеро ояндаи амну осоиштаи ҷаҳон, пеш аз ҳама, аз тарбияи насли имрӯза вобастагии амиқ дорад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби бузурги сулҳро аз сар гузаронидааст. Баъди солҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ маҳз хиради сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва иродаи қавии роҳбарияти давлат тавонист кишварро ба роҳи сулҳу субот ва рушду созандагӣ ҳидоят намояд. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи нодири ҳалли низоъ бо роҳи музокирот дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва гузашт метавонанд ҳатто мушкилтарин ихтилофҳоро ҳал намоянд. Дар ин раванд, ҷавонон нақши муҳим доранд. Онҳо ҳамчун неруи бузурги созандаи ҷомеа бояд бо дониш, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати баланд ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ҳифзи сулҳу субот саҳмгузор бошанд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон, пешгирии гаравидани онҳо ба ақидаҳои ифротӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созанда аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аз донистани таърихи пурифтихори халқ, омӯзиши мероси фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд таърихи давлатдорӣ, фарҳанги миллӣ ва корномаҳои шахсиятҳои барҷастаи миллатро омӯзад ва барои ҳифзи истиқлол, ваҳдат ва сулҳу суботи кишвар масъулияти баланд эҳсос намояд.

Осори гаронбаҳои устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, фаъолияти давлатдории Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин таълифоти арзишманди академик Бобоҷон Ғафуров ва осори гаронбаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан мебошанд. Ин осори бузург ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ ҳидоят мекунад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ сулҳу субот на танҳо кафили амнияти давлатҳо, балки омили рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя, пешрафти технология, рушди илму маориф ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Ҳар қадар сулҳу оромӣ пойдор бошад, ҳамон андоза имкониятҳои рушду пешрафти давлатҳо бештар мегардад. Аз ин рӯ, ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳаммияти бузурги сиёсӣ ва инсонӣ дошта, тамоми кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак барои ҳифзи сулҳ даъват менамояд. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои бунёди ҷаҳони амну осоишта саҳми арзанда мегузорад.

Дар фарҷом метавон гуфт, ки ҳифзи сулҳ танҳо вазифаи давлатҳо нест, балки масъулияти ҳар як инсон мебошад. Агар ҳар як шаҳрванди ҷомеа бо рафтори нек, эҳтироми дигарон, риояи қонун, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ саҳми худро дар таҳкими сулҳу ваҳдат гузорад, наслҳои оянда дар ҷаҳоне зиндагӣ хоҳанд кард, ки дар он сулҳ, адолат, пешрафт ва ҳамзистии осоишта ҳукмфармо хоҳад буд.

Сулҳро ҳифз кардан – ҳифзи ояндаи инсоният аст.

Гулчеҳра САЙФИДДИНОВА, номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ.