Агар, ба саҳифаҳои ахбори ҷаҳонӣ назар андозем, мебинем, ки ҷаҳони имрӯзаи мо беш аз ҳарвақта ба изтироб олуда аст. Ин садоҳои даҳшатбори таркиши силоҳҳо, таҳдидҳои экологӣ, низоъҳои ҷуғрофию сиёсӣ ва кӯдакон ба ҷои бозича, китоб ва дафтару қалам,сарсон шуда, харобаҳои ҷангро мебинанд. Гӯё, башарият фаромӯш кардааст, ки гаронбаҳотарину арзишмантарин неъмати дунё барои ҳаёти инсон осоиштагӣ аст.
Маҳз, дар ҳамин шароити пурҳассос, вақте ки ояндаи наслҳои сайёра зери суол қарор дорад “Ба куҷо меравем? Аз ҳама муҳимтар: мо ба ояндаи фарзандони худ, ки ояндасозони ин сайёра мебошанд, чӣ мерос мегузорем? Олами сӯхтаву вайронро ё паноҳгоҳи амну сабзро?”
Бахшида ба 35-умин согарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як паёми бузурги умедбахш ва дастоварди арзишмандтарин барои ҳаёти мардуми сайёра гардид, ки ин Қатъномаи таърихӣ бо ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” аз минбари баланд садо дод. Ин Қатъномаи таърихии қабулгардида аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ шуруъ аз соли 2027, ки ба 30-солагии “Рӯзи ваҳдати миллӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Эълон кардани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» ин танҳо як санади расмии дипломатӣ ва хушк нест, ки дар толорҳои боҳашамати Ню-Йорк зери он имзо гузошта шуда бошад. Ин як санади умумибашарӣ аст ва ба элитаи сиёсии ҷаҳон ҳушдор медиҳад, ки вақти боздоштани ҷангҳо ва фикр кардан дар бораи фардо расидааст.
Вақте ки мо калимаи “Сулҳ”-ро мешунавем, бисёр вақт танҳо хомӯш шудани садои тирро тасаввур мекунем. Аммо қатъномаи таърихии нави СММ ба ин мафҳум нигоҳи амиқтар ва васеътар дорад. Сулҳи ҳақиқӣ ин танҳо набудани ҷанг нест. Ин оламе мебошад, ки дар он тифли имрӯза метавонад бе тарс ба мактаб равад, ҷавонони оянда метавонад ба омӯхтани илму технологияи муосир машғул шаванд ва ҳар як инсон ҳуқуқи зиндагии осоиштаро дошта бошад.
Дар Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи СММ қайд шудаст: “Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.”
Даҳсолаи ин қатъномаи таърихӣ барои солҳои 2027-2036, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамбастагӣ даъват менамояд, як давраи гузариш аз “Дипломатияи зӯроварӣ” ба “Фарҳанги сулҳ” мебошад. Сармоягузориҳое, ки имрӯз барои сохтани силоҳҳои қатли мардум сарф мешаванд, бояд барои соҳаи маориф, ҳифзи пиряхҳо, тозагии об ва беҳдошти ҳаёти наслҳои оянда равона шаванд. Маҳз ҳамин аст рисолати асосии ин ташаббуси нави Тоҷикистон дар ин масири ҷаҳонии таҳкими сулҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад, бетараф бошад. Саҳифаҳои таърихи нав гувоҳанд, ки роҳбари сулҳпарвар, маорифпарвар, сулҳсозамон баҳои сулҳу ваҳдаткуниро бо чӣ қадар заҳмату талошҳо омӯхту сохт. Сазовори таъкиди махсус ва ифтихори бузург аст, ки ин Қатъномаи таърихии тақдирсози Маҷмаи Умумии СММ маҳз бо ташаббуси дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст. Ин иқдоми оламшумул бори дигар исбот намуд, ки сарвари дурандеши давлати мо на танҳо меъмори сулҳи Тоҷикистон, балки пешвои сулҳофарини сатҳи баналмилалӣ мебошад. Таҷрибаи таърихии сулҳофаринии Тоҷикистон, ки зери роҳбарии Пешвои миллат муяссар гардид, имрӯз ба як мактаби бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Маҳз аз ҳамин сабаб, вақте СММ дар бораи Даҳсолаи сулҳ барои наслҳои оянда сухан мегӯяд, садои Тоҷикистон ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толор бо шукуҳу шаҳомати махсус ва эътибори баланд пазируфта мешаванд.
Тоҷикистон муддатҳост, ки дар саҳнаи ҷаҳонӣ на танҳо як иштирокчии оддӣ, балки ҳамчун як давлати ташаббускори ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Ташаббусҳои бузурги Пешвои миллати мо дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо ва экология, ки пештар аз ҷониби СММ пазируфта шуда буданд, акнун бо ин қатъномаи нав дар бораи сулҳи оянда (солҳои 2027-2036) комил шуданд.
Ҳамаи ин ташаббусҳо ба як мақсад хизмат мекунанд: таъмин кардани ҳаёти бехатар, обӣ ва устувор барои наслҳои оянда.
Ҷонибдории якдилонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сиёсати “Дарҳои кушод” ва сулҳпарваронаи мо дар кадом сатҳи олии эътироф қарор дорад. Кишвари мо бо роҳбарии Пешвои милат ба ҷаҳониён паём медиҳад, ки амнияти фардои фарзандони мо аз ҳамкории содиқонаи имрӯзаи мо оғоз меёбад.
Воқеан ҳам, сулҳ як мавҷудияти зинда аст. Он аз хонаи мо, аз табассуми кӯдакони мо, аз тарбияи дурусти насли наврас ва аз масъулияти ҳар яки мо оғоз меёбад. Қатъномаи СММ дар бораи “Даҳсолаи байналмилалии сулҳ барои солҳои 2027-2036” бароямон як фурсати таърихӣ ва шояд яке аз имкониятҳои охирини башарият аст, то аз хоби ғафлат бедор шаванд.
Мо имрӯз дар чорроҳаи таърих истодаем. Маҳз аз қарорҳои имрӯзаи мо вобаста аст, ки ҷавонону кӯдакони фардо созандагони дунёи нав бошанд.
Биёед, ин даҳсоларо на танҳо дар рӯи коғаз, балки дар амал ба даҳсолаи сохтмон, маориф, дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар табдил диҳем. Сулҳро бояд ҳифз кард, зеро ояндаи фарзандони мо ва ояндаи ин сайёра гаронбаҳотару арзишмандтар аз ҳар гуна манфиатҳои лаҳзаина аст. Интихоб дар дасти мост. Иинтихобро бояд ҳамин рӯз, ҳамин лаҳза анҷом диҳем!
Назирқулоа Тағаймурод, н.и.п., дотсент, декани факултети тарҷумонии забони англисӣ.