Дар замони муосир Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ мавқеи шоиста касб намудааст. Ба туфайли сиёсати хирадмандона ва оянданигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои фаъол дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ, таъмини амният, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор табдил ёфтааст. Сулҳ аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои инсонист, ки ҳифз ва таҳкими он вазифаи доимии ҳар як ҷомеа мебошад. Маҳз ҳамин ғоя асоси ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоишта, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории наслҳои имрӯзаву оянда мебошад. Имрӯз кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар, соҳибташаббус ва рӯ ба тараққӣ эътироф гардида, дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди устувор саҳми арзанда мегузорад. Ваҳдат пеш аз ҳама дар муносибатҳои ҳаррӯзаи инсон зоҳир мегардад. Гарчанде баъзеҳо чунин меҳисобанд, ки таҳкими ваҳдат танҳо вазифаи давлат аст, таҷриба нишон медиҳад, ки асоси ҷомеаи солим аз рафтор ва муносибати шаҳрвандон оғоз мешавад. Эҳтироми ҳамдигар, одоби муошират, масъулиятшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз муҳимтарин омилҳое мебошанд, ки барои пойдорӣ ва рушди ҷомеа мусоидат мекунанд.
Имруз ҳисси ваҳдат, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, махсусан омӯзгорон, зиёиён ва ҷавонон, рӯз аз рӯз тақвият меёбад. Дар ин самт воситаҳои ахбори омма нақши муассир дошта, дар тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ саҳми назаррас мегузоранд. Бо истифода аз имкониятҳои васеи расонаҳо давлат барои паҳн намудани ғояҳои ваҳдатофар ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ тадбирҳои гуногун амалӣ менамояд. Аз ин бармеояд, ки рушди ваҳдат ва худшиносии миллӣ то андозаи зиёд ба сиёсати давлати миллӣ ва фаъолияти он вобастагӣ дорад. Аз ҳамин сабаб, давлат барои таҳкими ин арзишҳо ва густариши онҳо дар ҷомеа тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода мебарад.
Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла буҳронҳои сиёсӣ ва муноқишаҳои фаромиллӣ рӯ ба рӯ мебошад, аҳамияти ташаббусҳои созанда барои таҳкими сулҳу субот боз ҳам бештар мегардад. Дар ҳамин замина, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)», ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ҳамчун иқдоми муҳими инсондӯстона ва саҳми арзишманд дар роҳи таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Қабули ин ташаббус бори дигар эътибор ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҷонибдори сулҳу ҳамкории созанда собит намуд. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ, рушди устувор ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба захираҳои об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд. «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон намунаи нодири таърихӣ мебошад, ки собит сохт: танҳо тавассути гуфтушунид, гузаштҳои мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон низоъҳои душвортаринро бо роҳи осоишта ҳал намуд.»
Барои он ки ҳадафҳои ин Даҳсола танҳо дар сатҳи сухан боқӣ намонанд, иштироки фаъоли ҳар як узви ҷомеа, бахусус омӯзгорон ва зиёиён, хеле муҳим аст. Дар ин самт зарур аст, ки соатҳои тарбиявӣ, ҳамоишҳо ва форумҳои ҷавонон оид ба фарҳанги сулҳ, дӯстии халқҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ мунтазам баргузор карда шаванд. Ҳамзамон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва зӯроварӣ дар байни наврасон тавассути ҷалби онҳо ба корҳои эҷодӣ, варзиш, илм ва технология аҳамияти калон дорад. Илова бар ин, ҳифзи муҳити зист низ яке аз самтҳои муҳими ин Даҳсола мебошад, зеро таъмини ояндаи устувори наслҳои оянда ба муҳити солим ва дастрасӣ ба оби тоза вобастагии мустақим дорад. «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» имконияти арзишмандест, ки ба мо имкон медиҳад барои бунёди ҷаҳони амн, обод ва устувор саҳм гузорем. Бо амалҳои созанда ва ҳисси баланди масъулият метавонем барои зиндагии осоишта ва ояндаи дурахшони фарзандони худ заминаи устувор фароҳам созем.
Қаюмзода Ҳурлиқо, н.и.п.дотсент, мудири кафедраи методикаи таълимӣ забонҳои хориҷӣ