АВФ КАРДАН- ХИСЛАТИ БУЗУРГОН АСТ

Яке аз зуҳуроти баланди инсондӯстӣ ва раҳму шавқати давлат авф кардан мебошад. Он имконият медиҳад, ки шахсони гунаҳкор бо ақлу идроки инсонӣ дарк намоянд, ки бо гуноҳи содирнамуда онҳо на танҳо ба худ зарар расонидаанд, балки ҷомеа низ аз таъсири манфии онҳо бархурдор гардидааст. Қабул гардидани Қонун дар бораи авф ин як имконияти калон барои маҳкумшудагон аст, то ки аз кардаи худ пушаймон шуда, ба ҳаёти солим баргарданд, аз паи тарбияи фарзандон шаванд ва бо роҳи ислоҳ шудан ба нафъи давлату ҷомеа фаъолият намоянд.

Қабули ин гуна қонун нишона аз сиёсати башардӯстона ва адолатпарваронаи давлат буда, ба таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа мусоидат менамояд.

Авф кардан бештар хоси инсонҳои бузургдил, оқил, инсондӯст ва бахшанда мебошад ва шахсе, ки авф мекунад на танҳо гуноҳи дигаронро мебахшад, балки бо чунин рафтор сатҳи баланди фарҳанг, ахлоқ ва таҳаммулпазирии худро нишон медиҳад ва барои ислоҳ шудани шахсони раҳгумзада имконият фароҳам меорад.

Қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, ки 16 июни соли 2026 ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, боз якнамунаи сиёсати инсондӯстона ва адолатпарваронаи давлати мо бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешниҳоди роҳбари давлат ба ҳазорон шаҳрвандон имконият медиҳад, ки хатогиҳои гузаштаро ислоҳ намуда, ба ҳаёти муқаррарӣ баргарданд. Сиёсати Роҳбари давлат бори дигар исбот менамояд, ки барои мустаҳкам кардани суботу ҳамгироии иҷтимоӣ барои мардум шароити мусоид фароҳам овардан лозим аст ва бо содир намудани гуноҳ ба шахсон хати батлон кашидан лозим нест, ҳар инсон дар ҳаёти худ метавонад боре раҳгум занад ва агар ислоҳ шудан хоҳад дар ин кор ба вай имконият додан лозим аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки қабул гардидани ин гуна қонунҳо дар Тоҷикистон бори аввал нест. Мувофиқи манбаъҳои хабарӣ то соли 2019 дарТоҷикистон 16 маротиба Қонуни авф қабулгардидааст ва баъд аз он низ авфҳои нав қабулшудааст, аз ҷумла соли 2026. Мувофиқи маълумоти гирифтаи мо дар замони соҳибистиқлолӣ Қонуни авф тақрибан 170 ҳазор нафар маҳкумшудагонро фаро гирифтааст.

Қонуни авф санади ҳуқуқиест, ки аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул гардида, нисбати шахсоне татбиқ мешавад, ки бо ҳукми суд маҳкум шудаанд ва он имконият медиҳад, ки баъзе маҳкумшудагон пурра ё қисман аз адои ҷазо озод шаванд ё муҳлати ҷазояшон камтар карда шавад. Қонуни мазкур дарТоҷикистон бештар гурӯҳҳои зеринро дар бармегирад:

  1. Гурӯҳҳои осебпазир, яъне занон, ноболиғон, пиронсолон, маъюбон ва беморони вазнин.
  2. Шахсоне, ки ҷиноятҳои сабук содир кардаанд, яъне ҷиноятҳои сабук ва ё миёна, ҷиноятҳое, ки аз беэҳтиётӣ кардаанд.
  3. Шахсоне, ки рафтори хуб доранд, яъне дар вақти адои ҷазо дар муассиса ислоҳ шуда, аз кардаи худ пушаймон шуданд.
  4. Гурӯҳҳое,ки ба шароити иҷтимоӣ алоқаманданд, яъне шахсоне, ки дар оила фарзандони хурд доранд ва ё ба давлат ё ҷомеа хизматҳои муайян кардаанд.

Дар баробари ин, авф одатан ба баъзе ҷиноятҳои махсусан вазнин, терроризм, экстремизм, куштори вазнин, ҷиноятҳои такрорӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун татбиқ намегардад.

Қонуни авфи соли 2026 ба 18038 маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманд набуда 11305 нафар озод мешавад. Муҳлати адо нагардидаи ҷазои 6733 нафар кам карда мешавад.

Қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад. Аз 507 нафар занон, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 нафар ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазокам карда мешавад.

Қонун «Дар бораи авф» инчунин нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад, татбиқ мегардад. Қонун мақомоти дахлдорро вазифадор намуд, ки иҷрои онро дар давоми ду моҳ таъмин карда, ба Президенти ҶумҳурииТоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Қонун «Дар бораи авф» мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатиро муваззаф месозад, ки барои ба кор таъмин намудани шахсони аз муассисаҳои иҷроиҷазо озодшуда, ба таҳсил фаро гирифтани ноболиғон, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони номбурда чораҷуйӣ намоянд.

Ҳамин тавр гуфтан бамаврид аст, ки ҳар инсон метавонад дар ҳаёти худ ба хатогие роҳ диҳад ва дарк кардану ислоҳ кардани он пеш аз ҳама нишони иродаи ҳар шахс мебошад. Давлат бо қабули Қонуни авф, ки яке аз воситаҳои муҳими сиёсати ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, ба маҳкумшудагон имконияти дуюми баргаштан ба ҳаёти нав, ислоҳи хатоҳо ва дарки масъулиятро фароҳам меорад.

Бахшидану авф кардан нишони бузургию инсондӯстии Сарвари давлати мо- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин амали наку боварии мардумро ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриямон боз ҳам мустаҳкамтар месозад.

Гулдаста Қаноатова- дотсенти кафедраи таърих ва робитаҳои байни фарҳангӣ.