Истиқлолияти давлатӣ барои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик арзиши олӣ буда, таҳкурсии воқеии пойдории давлат ва кафолати рушду суботи давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид, ин дастоварди муҳими сиёсӣ барои рушди иқтисодию фарҳангӣ ва сиёсии он низ такони муҳиме гардид. Зеро кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ чун давлати соҳибистиқлолу мустақил ва аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид мавқеи намоёнро ишғол кард ва миллати тоҷик чун миллати соҳибватану тамаддунсоз ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.
Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ: Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони умумиҷаҳонии савдо ва ғайраҳо гардида, дар ин радиф дар кишвар якчанд конфронс, симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ баргузор гардид.
Яке аз нодиртарин ва муҳимтарин дастоварди истиқлолияти давлатӣ ин хотимаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, тантанаи сулҳу субот дар ҷомеа мебошад. Маҳз бо кӯшишу заҳмати беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Э.Раҳмон 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон» қабул гардид.
Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ раванди оштии миллӣ ва барқарор намудани сулҳу ваҳдат дар кишвар чун намунаи нодири ҳалли моҷарои сиёсӣ ифода гардида, аз фарҳанги тамаддунофар, мусолиҳаомез ва пурғановати миллати тоҷик бо сарварии Президенти кишвар дарак дод. Ин дастоварди халқи тоҷик шаҳодати он гардид, ки дар кишвар сулҳу субот, ҳамдиливу ҳамбастагӣ, фазои созандагӣ ҳукмфармо шуда, маҳз бо шарофати ин сулҳу ваҳдат пояи давлатдории миллӣ ва рушди босуботи ҷомеа пойдор гардид.
Яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ин эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ки он ба ҳайси яке аз унсурҳои муҳимми сохтори конститутсионии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Дар асоси талаботи моддаи 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.
Дар ҳуқуқи конститутсионӣ авф ҳамчун ваколати Парлумон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии хеш лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Дар асоси талаботи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун дар бораи авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авфи умумӣ қабул гардидааст. Зеро ба Маҷлиси намояндагон нақши асосӣ дар ҷараёни қонунгузорӣ дода шудааст. Қонун дар бораи авф бо тарафдории аксарияти шумораи умумии овозҳои вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
Яке аз омилҳои муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеа ин татбиқи сиёсати инсондӯстонаи сарвари давлат маҳсуб меёбад. Дарасоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 июни соли 2026 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул намуд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» шаҳодати он аст, ки дар меҳвари сиёсати давлатии Тоҷикистон, ки сиёсати ҳуқуқӣ ва инсондӯстона ба ҳисоб меравад, инсон ва шаҳрванд, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ қарор доранд.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» гурӯҳи муайяни шахсон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод карда мешаванд; маҳкумшудагон аз ҷазо ё адои ҷазо озод карда мешаванд; муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагон кам карда мешавад; парвандаҳои ҷиноятӣ, ки дар мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, баррасии судӣ қарор доранд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун қатъ карда мешаванд, яъне нисбат ба гурӯҳи муайяни шахсон, ки ба муқаррароти дар қонуни авф пешбинишуда мувофиқат мекунанд, татбиқ мешавад.
Дар асоси талаботи қисми 2 моддаи 82 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо санади авф шахси содирнамудаи ҷиноят метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад ва шахси барои ҷиноят маҳкумшуда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба намуди ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбат ба зиёда аз ҳаждаҳ ҳазор нафар шахсон, ки то мавриди қабул қарор гирифтани он ҷиноят содир кардаанд, татбиқ мегардад. Ҳадафи асосии қонуни мазкур додани имконият барои ислоҳшавӣ, ба назди пайвандону наздикон, ҳаёти солим баргаштани маҳкумшудагон мебошад. Дар ин ҷода,меҳру муҳаббат, раҳму шафқат, ғамхорӣ, боварӣ, хирадмандӣ, инсондӯстӣ ва адолатпарварии Президенти маҳбуби кишвар нисбат ба ислоҳи инсон, таҳкими оила ва масъулияту рушди шахсият ифода меёбад.
Аз ҷониби сарвари давлат ба масоили ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону ноболиғон ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, доир ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии онҳо пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Қобили қайд аст, ки Қонуни авф ба занон ва ноболиғон бештар имтиёзҳоро пешбинӣ кардааст.
Аз моддаи 1 Қонуни мазкур бармеояд, ки аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда занон ва ноболиғони маҳкумшуда озод карда мешаванд.
Зеро занон ва ноболиғон зери ҳимояи давлат буда, ҳадаф ислоҳ, баргаштан ба муҳити оила ва пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мебошад.
Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин мақомоти дахлдор вазифадор шудаанд, ки назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни авф озодшударо ба падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда вогузор намоянд, дар мавриди зарурӣ барои дар мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд, ки ин муқаррароти банди 3 моддаи 18 Қонуни мазкур бармеояд.
Ин муқаррароти мазкур аз ҳисси беандозаи ватанпарвариву инсондӯстӣ, масъулияти баланд, меҳру садоқати самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат, ҷомеа, оилаҳо, алалхусус ба занону ноболиғон дарк мегардад.
Инчунин, Қонуни мазкур ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад низ татбиқ мегардад. Татбиқи авф на танҳо дар марҳилаи иҷрои ҷазо, инчунин дар дигар марҳилаҳои мурофиаи ҷиноятӣ татбиқ мегардад. Аз инҷо, Қонуни авф на танҳо ба маҳкумшудагон, инчунин ба айбдоршавандагон, гумонбаршудагон ва судшавандагон низ татбиқ мегардад, ки ин аз риоя гардидани принсипи инсондӯстӣ дар ҳамаи марҳилаҳои мурофиаи ҷиноятӣ шаҳодат медиҳад.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, ки дар банди 2 моддаи 11 пешбинӣ шудааст, ин бардоштани доғи судии шахсоне, ки то рӯзи қабули ҳамин Қонун ҷиноятҳои начандон вазнин ва (ё) дараҷаи миёна содир намудаанд.
Тиқи талаботи қисми 1 моддаи 84 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахс доғи судӣ дошта эътироф карда мешавад, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ, ки бо он ҷазо таъин карда шудааст ва то рӯзи барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судӣ.
Маҳкумшуда дар давраи адои ҷазо ва дар давоми муҳлати муқаррарнамудаи қонун пас аз адои ҷазо шахси доғи судӣ дошта ҳисобида мешавад. Доштани доғи судӣ ин вазъи ҳуқуқии шахс мебошад, яъне ба шахс оқибатҳои муайяни ҳуқуқиро ба миён меорад. Чунончӣ, агар шахс ҷинояти қасдона содир намояд ва қаблан барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ дошта бошад, ретсидиви ҷиноят эътироф карда мешавад, ки инро талаботи қисми 1 моддаи 21 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Аз ин рӯ, пешбинӣ гардидани бардошта шудани доғи судии шахсони ҷиноятҳои начандон вазнин ва (ё) дараҷаи миёна содир намуда ин яке аз кафолатҳои пешгирии содир намудани ҷиноятҳои нав, дарки ҳисси масъулият дар назди давлат ва ҷомеа, машғул шудани ба фаъолияти меҳнатӣ ё таҳсилот мебошад.
Хусусияти дигари фарқкунандаи Қонун “Дар бораи авф”, ки дар банди 2 моддаи 13 пешбинӣ шудааст, ин дар бораи татбиқи Қонуни мазкур нисбати шахсе, ки дар ҷустуҷӯ қарор дорад, бе даъват намудан ва бе розигии чунин шахс, қарор қабул карда мешавад.
Ин муқаррароти Қонуни авф нисбат ба шахсоне, ки дар кофтукоб қарор доранд, берун аз ҷумҳурӣ ё ба мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ҳозир намешаванд, ё аз таъқиби ҷиноятӣ пинҳон шудаанд, татбиқ карда мешавад. Дар мавриди татбиқи Қонуни авф бе даъват намудан ва бе розигии чунин шахсон барои таъмини иҷрои саривақтии қонуни мазкур, бе интизории баргашти онҳо ба ҷумҳурӣ ё ба мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, қатъ карда шудани парвандаҳои ҷустуҷуии онҳо ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби шахсони мансабдор мавриди татбиқи Қонуни мазкур аҳамият дорад. Меъёри мазкур ба шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта барои баргаштан ба ватан, оилаҳои худ, машғул шудан ба фаъолияти муфиди меҳнатӣ, саҳмгузор будан дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар кафолат медиҳад.
Дар асоси муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур, шахсоне, ки барои шиканҷа моддаи 143 (1) КҶ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд, татбиқ карда намешаванд.
Дар моддаи 18 Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шарафро соли 1995 ба тасвиб расонидааст. Шиканҷа (моддаи 143 (1) КҶ ба категорияи ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд мансуб буда, ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи мутлақ ва дахлнопазири инсон маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, татбиқ нагардидани талаботи Қонуни авф ба шахсоне, ки барои шиканҷа ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд, аз таъмини ҳифзи шаъну шарафи инсон, кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва боварӣ ба мақомоти судӣ шаҳодат медиҳад.
Хулоса, дар таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қабули Қонун «Дар бораи авф» аз сиёсати инсондӯстона, хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Зеро,Истиқлоли давлатӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро водор месозад, ки баҳри пойдории давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд, сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии сокинони кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти ҷиддӣ ба давлату миллат содиқона хизмат намоянд.
Марҳабо Наимзода, муаллими калони кафедраи Муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ.