Дар таърихи башарият шахсиятҳое зуҳур намудаанд, ки ҳастии маънавӣ ва фаъолияти ақлонии онҳо аз доираи замон ва марзҳои сиёсӣ фаротар рафта, ба ҷузъи шуури фарҳангии инсоният табдил ёфтаанд. Ин гуна шахсиятҳо шаклдиҳандагони уфуқҳои нави маънавии таърих мебошанд, ки дар онҳо дониш ба виҷдони фарҳангӣ ва хирад ба масъулияти инсонӣ мубаддал мегардад. Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи ҳамин нобиғаҳои нодири таърих мебошад, ки дар шахсияти ӯ хирад, виҷдон, илм ва масъулияти ахлоқии инсон ба шакли том таҷассум ёфтааст. Ӯ таҷассумёбии фарҳанги маърифатиест, ки дар он дониш аз виҷдон, илм аз масъулияти ахлоқӣ ва хирад аз каромати инсон ҷудо намегарданд.
Дар таълимоти Ибни Сино илм танҳо дар он сурат арзиши ҳақиқии маънавӣ касб менамояд, ки ба ҳифзи каромати инсон, адолати иҷтимоӣ ва камоли ахлоқии ҷомеа хизмат кунад. Аз ҳамин рӯ,ки синошиносӣ илмро аз сатҳи фаъолияти сирф зеҳнӣ боло бурда, ба шакли масъулияти маънавии инсон дар назди ҷомеа ва ҳастӣ табдил медиҳад. Дар чунин низоми тафаккур илм амонати маънавии ҷомеа ва василаи ҳифзи каромати инсон мегардад. Маҳз ҳамин хусусият мероси ӯро то имрӯз ба ҷузъи шуури маърифати инсоният мубаддал сохтааст. Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо буҳронҳои ахлоқшиносӣ, маърифатшиносӣ ва маънавӣ рӯ ба рӯ гардидааст, рӯ овардан ба мероси Ибни Сино аҳаммияти махсуси тамаддуншиносӣ касб менамояд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб аз ҳамин нигоҳ аҳаммияти муҳим дорад. Ин иқдом идомаи мантиқии он навъи давлатдорие мебошад, ки маърифатро арзиши муҳимми фарҳангва илмро омили ҳифзи суботи маънавии ҷомеа арзёбӣ менамояд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки давлат илм ва фарҳанги маърифатро ҳамчун ҷузъи муҳимми рушди ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ арзёбӣ менамояд.
Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (980-1037) дар муҳити илмӣ ва фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросон ба камол расида, ба яке аз нодиртарин мутафаккирони тамаддуни башарӣ табдил ёфт. Ӯ дар Афшанаи назди Бухоро дар оилаи тоҷик таваллуд шуда, аз айёми ҷавонӣ ба омӯзиши мантиқ, риёзиёт, табииёт, фиқҳ ва тиб рӯ овардааст. Истеъдоди фавқулода ва қудрати нодири зеҳнии ӯ боис гардид, ки ҳанӯз дар синни ҷавонӣ ҳамчун табиб, файласуф ва донишманди барҷаста эътироф гардад.
Пас аз муолиҷаи амири Сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур, Ибни Сино ба китобхонаи машҳури Сомониён роҳ ёфт, ки дар ташаккули ҷаҳонбинии энсиклопедӣ ва тафаккури низомманди илмии ӯ нақши ҳалкунанда бозид. Баъди суқути давлати Сомониён ӯ ба марказҳои гуногуни илмии Хоразм, Рай, Ҳамадон ва Исфаҳон сафар намуда, фаъолияти илмӣ ва фалсафии худро дар шароити пурошӯби сиёсӣ идома дод.
Дар Исфаҳон Ибни Сино ба таҳқиқоти риёзӣ ва ҳайатшиносӣ низ машғул гардид. Академик А.А. Михайлов дар асоси ҳисобҳои илмӣ эҳтимоли мушоҳидаҳои астрономии Ибни Синоро дар соли 1032 тасдиқ намудааст. Ин далел бори дигар собит месозад, ки фаъолияти илмии ӯ танҳо ба тиб ва фалсафа маҳдуд набуда, илмҳои дақиқ ва тафаккури таҷрибавиро низ фаро мегирифт.
Бо вуҷуди муҳоҷиратҳо, фишорҳои сиёсӣ, дасисаҳои дарборӣ ва ҳатто зиндон, Ибни Сино фаъолияти илмии худро қатъ накард. Ӯ осори бузурге чун «Шифо», «Қонуни тиб», «Ишорот ва танбеҳот», «Наҷот» ва «Донишномаи Алоӣ»-ро таълиф намуд. «Қонуни тиб» садсолаҳо дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун китоби асосии тиб истифода мешуд. «Донишномаи Алоӣ» бошад, дар ташаккули забони илмии тоҷикӣ ва фарҳанги маърифати миллӣ аҳаммияти бунёдӣ дошт.
Осори Ибни Сино то имрӯз дар фалсафаи илм, фалсафаи тиб ва назарияи маърифат аҳаммияти назариявӣ ва методологӣ доранд. Маҳз ҳамин хусусият осори ӯро ба ҷузъи фаъоли шуури тамаддуни муосир ва манбаи таҷдиди фарҳанги инсонгароёнаи илм табдил додааст. Ӯ илмро на ҳамчун воситаи қудрат, балки ҳамчун шакли хидмат ба инсон, ҳифзи каромати маънавӣ, таҷассумёбии масъулияти ахлоқии дониш ва василаи ҳифзи маънои инсон дар ҳастии иҷтимоӣ арзёбӣ менамуд.
Дар фалсафаи Ибни Сино илм шакли худогоҳии инсон ва воситаи дарки мақоми ӯ дар низоми ҳастӣ мебошад. Аз нигоҳи онтологии Ибни Сино, инсон мавҷуди соҳибақлест, ки тавассути маърифат метавонад миёни табиат, ҷомеа ва арзишҳои маънавӣ тавозун барқарор намояд. Аз ҳамин ҷост, ки илм дар низоми тафаккури ӯ механизми такомули инсон ва василаи ҳифзи тартиби маънавии ҷомеа маҳсуб мегардад. Аз ин рӯ, ки дар низоми тафаккури синошиносӣ маърифат аз ахлоқ, тиб аз виҷдон ва дониш аз масъулияти иҷтимоӣ ва маънавии инсон ҷудо нест. Ин хусусият фалсафаи ӯро аз доираи таърихи илм фаротар бурда, ба сатҳи фарҳанги умумиинсонӣ, аксиологияи маънавии тамаддун ва герменевтикаи виҷдонии маърифат мерасонад.
Таҳқиқоти синошиносӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мероси Абуалӣ ибни Сино яке аз пояҳои ташаккули шуури илмӣ ва худогоҳии фарҳангии ҷомеаи тоҷик ба шумор меравад. Дар монографияи «Синошиносӣ дар Тоҷикистон дар асри XX ва ибтидои асри XXI» таъкид мегардад, ки синошиносӣ дар муҳити илмии Тоҷикистон ҳамчун самти мустақили таҳқиқоти таърихиву фалсафӣ ташаккул ёфта, дар даврони истиқлол хусусияти нави тамаддунӣ ва миллӣ касб намудааст.
Дар таҳқиқоти мазкур инчунин нишон дода мешавад, ки осори Ибни Сино дар муҳити илмии Тоҷикистон механизми муколамаи тамаддунҳои Шарқ ва Ғарб арзёбӣ гардидааст. Аз ҳамин рӯ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро метавон идомаи мантиқии ҳамин раванд арзёбӣ намуд, зеро давлат тавассути чунин иқдомҳо мероси илмии миллиро ба фазои байналмилалии маърифатӣ ворид менамояд.
Дар таҳқиқоти синошиносии Тоҷикистон махсус таъкид мегардад, ки фалсафаи Ибни Сино бар ҳамгироии илм, ахлоқ ва маърифат асос ёфтааст ва маҳз ҳамин хусусият ӯро ба шахсияти умумибашарии тамаддуни ҷаҳонӣ табдил додааст. Аз ин рӯ, ҷоизаи мазкур эҳёи фарҳанги инсонгароии илм ва масъулияти маънавии донишро ифода менамояд.
Шодравон академик Мӯсо Диноршоев таъкид менамояд, ки Ибни Сино мутафаккири доиратулмаорифии сатҳи ҷаҳонӣ буда, тавонист яке аз фарогиртарин низомҳои илмӣ-фалсафии асрҳои миёнаро бунёд намояд, ки мантиқ, табииёт, маърифатшиносӣ, ахлоқ, сиёсат, риёзиёт ва илоҳиётро дар бар мегирифт. Аз ин ин рӯ, Ибни Сино таҷассумёбии ҳамгироии дониш, ахлоқ ва тамаддун дар фарҳанги башарӣ мебошад.
Абуалӣ ибни Сино дар таърихи тамаддуни башарӣ рамзи ҳамгироии илм, ахлоқ ва хирад дар фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад, ки дар осори ӯ ин арзишҳо ба шакли ягона таҷассум ёфтаанд. Осори ӯ нишон медиҳанд, ки дар тафаккури шарқ илм аз ахлоқ ҷудо нест ва табиб пеш аз ҳама масъулияти маънавӣ дар назди инсон дорад. Чунонки дар таҳқиқоти академик Мӯсо Диноршоев таъкид мегардад, низоми фалсафии Ибни Сино яке аз нахустин низомҳои фарогири илмӣ дар таърихи фарҳанги башарӣ буда, дар рушду камоли афкори фалсафии Шарқ ва Ғарб таъсири нозудуданӣ гузоштааст.
Дар «Қонуни тиб» Ибни Сино масъалаи тандурустиро ҳолати мутавозини рӯҳ, ҷисм ва муҳити иҷтимоӣ шарҳ медиҳад. Аз ин рӯ, ки фалсафаи тиббии ӯ то имрӯз хусусияти умуми башарӣ дорад. Мартин Ҳайдеггер масъалаи ҳифзи моҳияти инсонро дар шароити ҳукмронии техника ва технократии тафаккур яке аз масъалаҳои асосии тамаддуни муосир медонад. Ба андешаи ӯ, технократия метавонад инсонро аз маънои аслии ҳастии худ дур созад. Дар ҳамин замина мероси Ибни Сино ҳамчун намунаи ҳифзи инсонгароии илм ва масъулияти ахлоқии дониш аҳаммияти махсус касб менамояд. Аз ҳамин дидгоҳ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Синоро метавон ҳамчун талоши ҳифзи фарҳанги инсонгарои илм дар шароити ҷаҳони технократии муосир арзёбӣ намуд.
Ҳанс-Георг Гадамер низ таъкид менамояд, ки фаҳмиши ҳақиқии илм бидуни иртибот бо анъана ва таҷрибаи маънавии тамаддун ғайриимкон аст. Дар ҳамин замина, Юрген Ҳабермас илмро қисми муҳими «ақлонияти коммуникативӣ» арзёбӣ намуда, зарурати иртиботи дониш ва масъулияти иҷтимоиро таъкид мекунад. Аз ҳамин рӯ, таъсиси ҷоиза ба номи Абуалӣ ибни Сино иртиботи маънавии ҷомеа бо фарҳанги илмии худ мебошад.
Дар шароити ҷаҳони пуртаниши муосир, ки инсоният бо буҳронҳои ахлоқӣ, эпидемиологӣ ва маънавӣ рӯ ба рӯ гардидааст, арзиши илм ба пояи ҳифзи суботи маънавии ҷомеа, механизми ҳифзи каромати инсон ва заминаи муколамаи тамаддунҳо табдил меёбад. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро метавон ҳамчун талоши эҳёи фарҳанги инсонгароёнаи маърифат, таҷдиди эътимоди ҷомеа ба рисолати ахлоқии илм ва бозгашти тафаккури муосир ба арзишҳои виҷдонии дониш арзёбӣ намуд.
Шарҳи расмии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб пеш аз ҳама ба мақсади арҷгузорӣ ба саҳми ин фарзанди бузурги миллати тоҷик дар рушди илми тиб ва низоми ҷаҳонии тандурустӣ равона гардидааст. Дар матни шарҳ махсус қайд мешавад, ки ташаббуси мазкур на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки ҷойгоҳи байналмилалӣ дошта, метавонад барои рушди низоми байналмилалии тандурустӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ нақши муассир гузорад.
Чунин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки давлат илмро ҳамчун унсури стратегии ҳифзи тамаддун, амнияти маънавии ҷомеа, устувории шуури миллӣ ва идомаи ҳофизаи таърихии миллат арзёбӣ менамояд. Дар чунин шароит арҷгузорӣ ба илм шакли ҳифзи ҳастии маънавии ҷомеа ва таҷдиди мақоми ахлоқии дониш дар шуури ҷамъиятӣ мебошад. Давлатдорӣ ба механизми ҳифзи суботи маънавии миллат ва ҳувияти тамаддунӣ мубаддал мегардад. Дар шарҳи расмӣ инчунин таъкид мегардад, ки дар осори Абуалӣ ибни Сино масъалаҳои саломатӣ, муҳити зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мавқеи муҳим доранд. Ин нукта аҳаммияти махсус дорад, зеро ҷомеаи муосир имрӯз бо буҳронҳои нави биологӣ ва эпидемиологӣ рӯ ба рӯ мебошад.
Мероси Ибни Синоро метавон ҳамчун шакли барвақтии тафаккури глобалии тиббӣ арзёбӣ намуд. Дар таҳқиқоти синошиносии тоҷик махсус қайд мегардад, ки Ибни Сино масъалаи тандурустӣ ва маърифати илмиро дар доираи низоми куллии фалсафӣ баррасӣ намуда, робитаи инсон, ҷомеа ва маърифатро ба сатҳи нави тафаккури илмӣ баровардааст. Осори ӯ масъалаи тандурустиро аз доираи табобати ҷисмонӣ берун бурда, ба сатҳи тавозуни инсон, муҳит, ахлоқи иҷтимоӣ ва фарҳанги масъулияти ҷамъиятӣ мерасонад. Дар ин замина, таъсиси ҷоизаи байналмилалӣ ба номи ӯ талоши таҷдиди инсонгароии илм дар фазои тамаддуни муосир мебошад.
Дар шарҳи расмӣ инчунин таъкид мешавад, ки таҳқиқоти илмӣ ва пешниҳодҳои амалии Абуалӣ ибни Сино то имрӯз аҳаммияти худро нигоҳ доштаанд ва дар шароити муосир тавассути усулҳои нави илмӣ тасдиқ мегарданд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки мероси Ибни Сино хусусияти танҳо таърихӣ надошта, дорои потенсиали доимии эпистемологӣ мебошад.
Маҳз ҳамин ҷиҳат ҷоизаи мазкурро ба рамзи нави дипломатияи маърифатшиносӣ, муколамаи илмии байналмилалӣ, эҳёи шуури инсонгарои тамаддун ва ташаккули фарҳанги ояндашиносии илмӣ табдил медиҳад. Дар чунин шароит илм тадриҷан ба воситаи муҳими ҳамдигарфаҳмии башарӣ мубаддал гардида, барои густариши муколамаи фарҳангӣ ва ҳамкории байналмилалӣ замина фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути чунин иқдомҳо кӯшиш менамояд, ки мероси илмии тоҷиконро ба унсури фаъоли муколамаи тамаддунҳо, фарҳанги байналмилалии илм ва дипломатияи муосири маърифатӣ мубаддал созад.
Дар ҷаҳони муосир илм ба яке аз омилҳои муҳимми нуфузи фарҳангӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Таҷрибаи созмонҳои байналмилалии илмӣ ва тандурустӣ нишон медиҳад, ки илм имрӯз воситаи муҳими муколама ва ҳамкории байнидавлатӣ мебошад. Давлатҳое метавонанд мавқеи устувори фарҳангӣ ва илмии худро ҳифз намоянд, ки илмро омили рушди сармояи маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа арзёбӣ мекунанд.
Аз нигоҳи аксиологияи сиёсӣ, чунин ҷоизаҳо дар густариши дипломатияи маърифатӣ ва муколамаи тамаддунҳо нақши муҳим доранд. Пол Рикёр хотира ва мероси фарҳангиро ҳамчун механизми ҳифзи маъно ва таҷдиди шуури иҷтимоӣ арзёбӣ мекунад. Дар ҳамин замина, ҷоизаи мазкурро метавон ҳамчун шакли эҳёи ҳофизаи маърифатии ҷомеа ва таҳкими худшиносии фарҳангии миллат арзёбӣ намуд. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки кишварҳое, ки мероси илмӣ ва фарҳангии худро ба унсури дипломатияи маърифат табдил додаанд, дар арсаи байналмилалӣ нуфузи устувортар ва таъсири тамаддунӣ бештар пайдо намудаанд. Таъсиси ҷоиза ба номи Ибни Сино низ метавонад барои Тоҷикистон чунин нақши стратегиро иҷро намуда, ҷойгоҳи фарҳанги илмии тоҷиконро дар фазои муосири геомаърифатӣ таҳким бахшад. Аз нигоҳи ояндашиносӣ, чунин иқдомҳо метавонанд заминаи ташаккули модели нави рушди маърифатмеҳварро ба вуҷуд оваранд. Дар чунин модел илм механизми ташаккули фарҳанги масъулияти иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии илмии ҷавонон мегардад. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки ҷомеаҳое, ки ба илм ҳамчун омили стратегии рушди дарозмуддат муносибат мекунанд, дар ҳифзи суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори фарҳангӣ муваффақтар мебошанд. Илм ба яке аз механизмҳои асосии амнияти ояндаи тамаддун мубаддал мегардад, зеро сатҳи рушди илмӣ имрӯз на танҳо нишондиҳандаи пешрафти техникӣ, балки меъёри устувории фарҳангӣ ва қобилияти ҷомеа барои муқовимат ба буҳронҳои глобалӣ мебошад.
Дар фалсафаи давлатдории муосир давлат фазои ҳифзи арзишҳои маънавӣ, кафили идомаи ҳофизаи тамаддунии миллат ва масъули ҳифзи амнияти маънавии ҷомеа мебошад. Арҷгузорӣ ба илм ва шахсиятҳои бузург дар асл шакли ҳифзи ҳастии фарҳангии ҷомеа аст. Ҷомеае, ки илмро ба меҳвари худшиносии миллӣ табдил медиҳад, пояҳои устувории маънавии худро ҳифз менамояд.
Фалсафаи давлатдорӣ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро метавон ҳамчун шакли ҳофизаи маърифатии миллат арзёбӣ намуд. Давлат тавассути чунин иқдомҳо низоми арзишҳоеро эҳё месозад, ки ҳастии маънавии ҷомеаро устувор нигоҳ медоранд. Дар чунин шароит илм аз доираи фаъолияти касбӣ берун рафта, ба унсури муҳими рушди фарҳангӣ, таҳкими шуури ҷамъиятӣ ва устувории ҳувияти миллӣ мубаддал мегардад.
Маҳз ҳамин ҷиҳат нишон медиҳад, ки ташаббуси Пешвои миллат дар таъсиси ҷоиза талоши ворид сохтани мероси илмии тоҷикон ба фазои муосири тамаддун ва ҳифзи пайванди маънавии наслҳо мебошад. Ҷомеае, ки ба мероси илмии худ эҳтиром мегузорад, дар асл ба қобилияти маърифатии худ эътимод пайдо мекунад ва заминаҳои рушди устувори фарҳангӣ, худшиносии миллӣ ва амнияти маънавиро таҳким мебахшад.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар асл нишон медиҳад, ки давлат илм ва тандурустиро ҳамчун арзишҳои бунёдии рушди миллӣ, пояи суботи маънавӣ ва унсури ҳифзи ҳастии фарҳангии ҷомеа эътироф менамояд.
Ин ҷоиза метавонад дар ташаккули фарҳанги нави эҳтиром ба илм, рушди шуури илмии ҷавонон, таҳкими масъулияти иҷтимоии муҳаққиқон, густариши ҷаҳонбинии инсонгароии ҷомеа ва ташаккули тафаккури ояндашиносии миллӣ нақши калидӣ бозад. Барои насли ҷавон чунин иқдом мактаби виҷдонии худшиносӣ ва эҳёи эҳтиром ба хирад мебошад. Ҷавоне, ки мероси Ибни Синоро ҳамчун намунаи ҳамгироии илм, ахлоқ ва масъулияти инсонӣ дарк мекунад, донишро дигар танҳо воситаи касб намебинад. Ӯ илмро ҳамчун рисолати маънавӣ ва шакли хизмат ба Ватан, ҷомеа ва инсоният эҳсос менамояд. Мӯсо Диноршоев махсус таъкид менамояд, ки нубуғи Ибни Сино дар муҳити илмӣ ва фарҳангии халқи тоҷик парвариш ёфта, баъдан ба ҷузъи ҷудонопазири шуури фарҳангии ҷомеа табдил гардид. Аз ҳамин рӯ, эҳтиром ба мероси Ибни Сино дар асл идомаи фарҳанги таърихии эҳтиром ба хирад, виҷдон ва масъулияти иҷтимоии дониш мебошад. Дар шароите ки фазои иттилоотии муосир баъзан донишро ба унсури истеъмолгароӣ ва рақобати технократӣ табдил медиҳад, таҷрибаи Ибни Сино собит месозад, ки маърифати ҳақиқӣ бидуни инсонгароӣ ва масъулияти ахлоқӣ наметавонад ҷомеаро ба суботи маънавӣ расонад.
Дар рафти таҳлил муайян гардид, ки чунин ташаббусҳо дар шуури ҷомеа эҳсоси ифтихори фарҳангӣ, пайванди маънавӣ бо мероси илмии тоҷикон ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдориро таҳким мебахшанд. Аз ҳамин рӯ, ки ҷоизаи мазкур рамзи сиёсатест, ки илмро ҳамчун омили рушди ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ арзёбӣ менамояд.
Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таҷассумёбии он навъи давлатдорие мебошад, ки илмро омили ташаккули фарҳанги масъулият, худогоҳии ҷамъиятӣ ва рушди маънавии ҷомеа арзёбӣ мекунад. Мероси Ибни Сино низ аҳаммияти худро маҳз дар ҳамин робитаи илм, ахлоқ ва хидмат ба инсон нигоҳ доштааст.
Чунин ташаббусҳо метавонанд барои ташаккули модели нави рушди маърифат замина гузоранд, ки дар он илм ба омили муҳими суботи фарҳангӣ, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва амнияти ояндаи ҷомеа мубаддал мегардад. Аз ҳамин рӯ, Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Синоро метавон ҳамчун рамзи эҳёи фарҳанги инсонгарои маърифат ва таҳкими тафаккури ояндашиносии илмӣ арзёбӣ намуд.
Комилов Далер Рустамович – дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ