Парчам муқаддасоти миллӣ махсус ёфта, ифодагарии соҳибистиқлоли, соҳибватании ҳар халқу миллат мебошад. Эҳтирому арҷ гузоштан ба парчам ин дӯст доштани Ватан, эҳсоси масъулият дар назди Ватан буда, дар зери он саф кашидан ҳамеша ба дифои ин марзу бум омода будан ва ҳифз намудани музаффариятҳои он мебошад. Парчам ва пайдоиши он таърихи 3000 сола дорад ва аввалин парчапамҳо дар Чин, Миср ва Эрон пайдо шудаанд. Мардуми тоҷик аз аввал соҳиби парчам буд. Дар “Шоҳномаи” – Фирдавси аз дирафши Ковиёни ёд мешавад:
Фуру хишт з-у сурху зарду бунафш,
ҳаме хондаш “ковиёни дирафш”.
Ин ҷо дирафши Ковиёни байрақи Коваи оҳангар (қаҳрамони “Шоҳнома”) дар назар аст сари найзае баста, ба муқобили Заҳҳоки морон бархост ва мардумро бар зидди зулму беадолати ба шуриш даъват намуд ва бар Заҳҳоки ситамгар зафар ёфт. Шоҳ Фаридун ин дирафшро муқаддас ҳисобида, онро бо зару ҷавоҳирот ороста кард. Арабҳо онро пас аз истилои Эрон ба якмо бурданд. Моҳияти асосии парчам муттаҳид намудани мардум барои мақсади ягона буда, ҳидоят ба қаҳрамонию сарсупурдаги баҳри озодию соҳибистиқлоли мебошад.
Ниёгони шарафманди мо аз авал зери парчами хеш саф кашида, пайи ободию озоди, ҳимояву пойдории миллату забон ва фарҳанги пурағновати хеш мубориза бурдаанд. Таърих гувоҳ аст, ки бузургмандони ориёи, чун Рустами номовару Коваи оҳангар, Куруши Кабиру Деваштич, Восеъ, Спитамену Муқаннаъ ва дигарон тахти парчами хеш чун рамзи ватандорию худогоҳи баҳри озодию ободи ва ҷовидони Ватан сарсупурдаанд.
Имрӯз ҳам анъанаи неки парчамдори, ки ифодагари ватандорию ватандусти, ҷоннисорию шарафманди мебошад, идома дорад. Парчами мо чун як рукни муқаддасоти милли баёнгари ҳаёти осоиштаву арзишманд, як порчагиву ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои неку дурахшон, ҳидоятгари қаҳрамони, далери, мардонаги, ҷасорат, шуҷоатманди баҳри дифои ин марзу буми аҷдоди маҳбус ёфта, мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон аст.
Ба вижа, вақте ки дар дили Ватани азизамон – шаҳри Душанбе 25 майи соли 2011 баландтарин парчам бо дарозии 60 метр ва паҳнии 30 метр дар пояи 165 метр парафшон гашт, ин парчамафрозӣ мардумро ба ҳайрат гузошт ва ин дастоварди бузург дар китоби рекордҳои Гиннес ба таври расми сабт гардид. Мо имрӯз бо Парчами миллии худ ифтихор менамоем. Зери он якдилу якҷон баҳри боз ҳам ободу зебо гаштани Ватан, ҳифзи музаффариятҳои истиқлол, сарбаландию сарфарозии миллати озодаи хеш кору пайкор месозем.
Яке самтҳои ватандӯстӣ ин эхтироми самимӣ ба рамзҳои давлатӣ – Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва дигар муқадасоти давлативу мардумӣ мебошад, ки онро мо – насли калонсол ба ҷавонону наврасон ва ояндагон талқин созем. Насли солимандро зарур аст, ҳар як ҷавонро тарзе тарбия кунанд, ки ба сатҳи дониш, касбу ҳунар ва кордонии худ имтиҳони комил дошта бошад, зеро нишондиҳандаи аслии сатхи тамадуни ин ё он мамлакат на аз сатҳи сарвати ҳокимонаш, бузургии шаҳрҳо ва фаровонҳосилӣ, балки симо ва сиришти насли ояндасозест, ки дар мамлакат парвариш меёбад.
Парчам дар байни халқи мо бо номи алам ва байрақ низ машҳур аст. Калимаи байрақ туркӣбуда, пештар ва ҳозир ҳам мардум маълум ва мақбул буду ҳаст. Парчами мо, ки дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон қабул шуда буд, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандин асраи тоҷикон ва ҳамчунин ҳафтод соли давлатдории шӯравиро инъикос мекунад. Он аз матои росткунҷаи се рахи рангдор иборат аст.
Ранги сурх – ранги мубориза барои озодӣ, шуҷоат ва мардонагӣ, рамзи истиқлолияти ба дастомада;
Ранги сафед – рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, маънои ояндаи дурахшони ҷумҳуриро ифода мекунад;
Ранги сабз – рамзи табиати сабзу ҳамеша ва баҳори мо, сарсабзу хуррамии ҷумҳуриро ифода мекунанд.
Имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои дохил ва берун аз кишвар бештар баромад намуда, сазовори ҷойҳои намоёнгардида дар онҷо аввалан парафшон шудани Парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд, ки ин ифтихори ҳар як мардуми Тоҷикистон аст.
Суҳроб Бобокалонов, номзади илми педагогӣ, дотсенти кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ.