МАСЪУЛИЯТИ КАСБИИ ЖУРНАЛИСТИ ВАТАНДӮСТ ДАР МАСИРИ ФАЪОЛИЯТ

24 ноябри соли 2026 маҳфили навбатии “Зеҳни расона” – и назди кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорони кафедра ва доираи васеи донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, мудири кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ, дотсент Наврӯззода Доро Суҳроб оид ба ҳамкории донишҷӯён бо расонаҳои фаъолияткунанда таъкидҳои судманд намуда, изҳор дошт, дар самти эҷоду навоварӣ муваффақ гарданд.

Дар идома роҳбари маҳфил, омӯзгори кафедра Манонова Муслима суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти санаҳои ҷашнии моҳи равон маълумоти мушаххас дода, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ мо шаҳрвандонро ба риояи қонун, эътироф ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон, ҳифзи сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд.

Дар маҳфили “Зеҳни расона”, ки ба кашфи малакаҳои донишҷӯён бартарӣ дода мешавад, маводи телевизионӣ ва илмӣ -эҷодии донишҷӯён, қироати шеър дар мавзуи Парчами давлатӣ ва баргардон кардани филмҳои тасвирӣ пешниҳод карда шуд, ки аз ҷониби ҳозирин гарм пазироӣ ёфт.