Яке аз мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав пайваст шудани ҷавонон аст. Бо камоли таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ба ҷойи омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи худ мезананд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд, андешаҳои номатлубро аз зеҳни хеш дур созанд ва ба касби илму дониш рӯ оранд. Коршиносони масоили динӣ бар он назаранд, ки гаравидани ҷавонон ба созмонҳои террористию экстремистӣ, пеш аз ҳама, аз надоштани дониши мукаммали динӣ ва эҳсосотӣ будани онҳо сарчашма мегирад.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз дошта буданд: «Бадхоҳони миллати тоҷик барои пиёда намудани мақсадҳои палид ва ғаразноки худ мехостанд ба сари мардуми мо мазҳабу фарҳанги бегона ва андешаи ботили бунёди «Давлати исломӣ»-ро таҳмил кунанд».
Суол ин аст, ки ақидаҳои ифротгароӣ аз куҷо дар зеҳни ҷавонон пайдо мешаванд? Набояд фаромӯш кард, ки афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, тавсеаи терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундрав, хатари ҷалби ҷавонон ба сафи чунин созмонҳо ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ дар заминаи бозиҳои геополитикии ҷаҳонию минтақавӣ барои мо нигаронкунанда аст.
Сараввал мехоҳем моҳияти мафҳуми зеҳн-ро шарҳ диҳем. Онҳое, ки ба гурӯҳҳои тундрав мепайванданд, аксаран зеҳни носолим ва раҳгумзада доранд. Дар фарҳангу луғотномаҳо «зеҳн» ҳамчун фаҳм, ҳуш, идрок, зиракӣ ва ҳофиза шарҳ дода шудааст: зеҳни касе кунд будан — кундфаҳм будан ё дар омӯхтани илму ҳунар камқобилият будан; зеҳни касе тез будан — хушзеҳну зирак будан; зеҳн мондан — диққат кардан, аҳамият додан ва бодиққат нигоҳ кардан ба чизе ё касе.
Имрӯзҳо аз тариқи васоити ахбори омма мехонему мешунавем, ки фалон ҷавон ба гурӯҳи тундрав пайваст шуд ва ё бархе аз наврасону ҷавонон ифротӣ шуданд. Дар луғатҳо мафҳумҳои марбут ба ин падида чунин тавзеҳ ёфтаанд:
- Ифрот — аз ҳад (андоза) гузаштан дар коре; аз ҳадди эътидол гузаштан ва дар коре зиёдаравӣ кардан.
- Ифротгароӣ — тундравӣ ва экстремизм.
- Ифротӣ — мансуб ба ифрот (масалан, унсурҳои ифротӣ); инчунин шахсе, ки дар корҳо зиёдаравӣ мекунад, экстремист.
Коршиносони соҳа яке аз омилҳои асосии гумроҳ шудани насли ҷавонро ба суст будани назорати оила ва дур мондан аз таҳсилу маърифат рабт медиҳанд. Агар оила солим бошаду падару модар пайваста аз ҳолу рафтори фарзанд огоҳ бошанд, эҳтимоли фирефта шудани ӯ хеле кам мегардад. Ҳамзамон, нигаронкунанда аст, ки гурӯҳҳои тундрав писарон ва духтарони зудбоварро бештар тавассути шабакаҳои электронӣ ва фазои маҷозӣ ба доми худ мекашанд. Боиси таассуф аст, ки на ҳама ҷавонон фарҳанги дурусти истифодаи интернетро доранд ва шумораи онҳое, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ оқилонаву созанда истифода мебаранд, ҳанӯз ҳам кофӣ нест.
Қобили зикр аст, ки ҳар гуна техникаву таҷҳизот ва васоити муосир фарҳангу маданияти истифодаи худро дорад, ки гузаштагони хирадманди мо онро андоза ва эътидол номидаанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, дониши муосир ва фарҳанги дурусти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар тарбияи насли ҷавон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Хулоса, пешгирии пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро танҳо бо талоши як ниҳод имконпазир нест, балки масъулияти муштараки оила, мактаб ва тамоми ҷомеа аст. Танҳо тавассути таҳкими маърифат, баланд бардоштани сатҳи дониши динию дунявӣ ва риояи фарҳанги дурусти истифодаи фазои иттилоотӣ метавон зеҳни насли ҷавонро ҳушёр ва устувор нигоҳ дошт. Вақте оила солим, падару модар соҳибмаълумот ва ҷавонон ба илму ҳунар рағбатманд бошанд, ҳеҷ гуна андешаи бегона ва тундрав наметавонад роҳи худро ба қалбу ақли онҳо боз кунад.
Сабзаалӣ ҒУЛОМЗОДА, сармушовири академии факултети филология ва рӯзноманигорӣ.