Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” бо ҳузури Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор гардид.
Дар оғози маҳфил ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода ҳузури меҳмононро ба муассиса хайрамақдам гуфта, Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокдорони маҳфил шодбош намуд.
Ректори муассиса ҳангоми суҳбат паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафарро баррасӣ карда, беҳтарин шоҳбайтҳояшро пешкаши ҳозирин намуд.
Дар маҳфили мазкур Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Камол Насрулло ва Муҳтарам Ҳотам, адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон ва дигар ҳунарпешагони кишвар ширкат доштанд.
Дар маҳфил шоир Давлат Сафар шеъру таронаҳои тозаэҷоди худро барои иштирокчиёни маҳфил қироат намуда, аз рӯзгори ибратомӯзи худ барои ҷавонон қиссаҳо кард.
Бояд гуфт, ки маҳфили Пайравони Пешвои миллати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки намояндагони илму адаб ва фарҳангу сиёсат ҳамеша дар арафаи ҷашну маросимҳои миллию давлатӣ баргузор карда мешавад.
Мақсад аз роҳандозӣ гардидани ин маҳфил ҳарчи бештар омӯхтани кору рӯзгори ибратомӯзи шахсиятҳои барҷастаи кишвар мебошад.


