Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми эроннажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар Шарқи Эрони бостон парчами хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад.
Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз парчам ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард. Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то замони кунун расидаанд.
Аз нигоҳи психология, Парчами миллӣ метавонад ба ташаккули ҳисси мансубияти инсон ба ҷомеа, бедор намудани эҳсоси ватандустӣ, таҳкими худшиносии миллии ва мутаҳид сохтани одамон таъсири мусбат расонад. Вақте, ки инсон парчами давлати худро мебинад, дар вуҷуди ӯ эҳсосоти гуногун, аз ҷумла ифтихор, масъулият, эҳтиром ва садоқат ба Ватан бедор мегардад.
Дар психология ҳар як рангҳо дорои таъсири эҳсосӣ ва рамзӣ мебошад. Онҳо метавонанд эҳсосотро бедор созанд, ба ҳолати рӯҳӣ таъсир расонанд ва дар зеҳни инсон маъноҳои муаянро таҷассум намоянд. Онҳо метавонанд эҳсосро бедор созанд, ба ҳолати руҳӣ таъсир расонанд. Рангҳои парчами давлатии Тоҷикстон – сурх, сафед ва сабз ҳар кадом дорои маънои рамзӣ буда, маҷмуъ паёми умедбахми таърихӣ, маънавӣ ва психологиро ифода мекунанд. Якчанд андешаҳои психологӣ оид ба тафсири шакл ва рангҳои парчами давлатии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Шакли амудии парчам (аз чап ба рост) рамзи ташаккулёбии кишвар ва шакли уфуқии он (аз боло ба поён) рамзи оромии давлат мебошад. Шакли секунҷамонанди тоҷи дар парчам ифодаёфта рамзи устувории кишвар мебошад. Шакли гирдмонанди нимаи болоии тоҷ маънои ягонагии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон ифода мекунад. Оид ба рангҳои Парчам ҳаминро боряд қайд намуд, ки онҳо тасодуфан интихоб нашуда, сарчашмаи худро аз Авесто мегирад. Дар Авесто рангҳои Парчами Тоҷикстон ба таври зерин муқаррар ва шарҳ дода шудаанд: сурхи олиҷаноб – маънои одаме, ки бо корҳои ҳарбӣ алоқаманданд, нишонаи хоҳиши ғалаба ва озодӣ мебошад. Ранги сафеди соф – ба рӯҳониён мансуб буд, ки ҳамчун нишонаи некӣ, неруи ахлоқӣ ва маънавӣ тавсиф мешавад, ранги сабз – рамзи одамони оддиеро, ки дар замин кор карда, чорводорӣ мекунад, ифода мекунад.
Дар психология рангҳо нисбатан маънои дигар доранд. Агар рангҳои парчами давлатиро аз нуқтаи назари психологӣ маънидод намоем, он гоҳ маълум мешавад, ки Тоҷикистон дар интихоби Парчами давлатӣ то чи андоза эътибори ҷиддӣ зоҳир кардааст.
Ранги сурх- дар психология ҷасорат ва далерӣ, иродаи қавӣ, фаъолӣ ва ҳисси ватандӯстӣ яъне бедор намудани ифтихор аз таърих ва давлатдории миллӣ мебошад. Ранги сурх метавонад диққатро ҷвалб намуда, ҳаяҷони эҳсосиро зиёд кунад. Дар парчами миллии мо ранги сурх рамзи муборизаю ҷонисории халқ барои озодӣ, истиқлолият ва ҳифзи марзу буми Ватан мебошад. Таҳлили ранги сурх аз нуқтаи назари психологӣ нишон медиҳад, ки хусусяти фаъол дошта, ба асаби инсон таъсирии ҳавасмандкунанда мерасонад, тозагӣ ва набз ва нафаси шахсро зиёд мекунад. Инчунин ранги сурх метавонад дар шахс қувваи далериро ба вуҷуд оварад ва ба шахс эҳсос қувват ва мувафаққият мебошад.
Ранги сафед- дар психология рамзи покӣ, сулҳ, оромӣ, равшанӣ ва оғози нав мебошад. Он метавонад ба эҳсосот, идрок ва ҳолати равонии инсон таъсири муайян расонад. Дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ранги сафед ҳамчун рамзи арзишҳои маънавӣ, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аҳамияти калон дорад. Ранги сафед рамзи покии қалб, равшании андеша ва умеди инсон ба зиндагии осоишта мебошад.
Ин ранг дар маънои рамзии парчам ифодагари покӣ, сулҳ, равшанӣ ва нияти нек буда, он инчунин бо кӯҳҳои барфпӯши Тоҷикистон ва анъанаҳои пахтакории кишвар алоқаманд дониста мешавад.
Ранги сабз-бо ғояҳои дар бораи ҳаёт ва афзоиш алоқаманд аст ва оромкунанда ҳисобида мешавад. Ранги сабз чӣ қадар хомуштар бошад, ҳамон қадар хосиятҳои оромбахш он зиёдтаранд. Яъне ранги сабзи парчами давлатии мо ифодакунандаи саховатмандии боэътимодии мардуми шарифи Тоҷикистон буда, ба онҳо ҳаловату оромӣ ва шиффо бахшида аз бехатарию амнияти кишвари мо шаҳодат медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки воқеан ҳам парчами давлатии Тоҷикистон ифодакунандаи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, сулҳу ваҳдат, оромию ободии кишвар ва худшиносию ҳуввииятии миллии халқ шарафманди тоҷик мебошад. Парчами Тоҷикистон аз дигар кишварҳои ҷаҳон дар интихоби дуруст ва пайҳами рангҳо, гузоштану тоҷу ситораҳо фарқ мекунад. Парчами давлатии Тоҷикистон нахустин Парчами давлатие мебошад, ки дар он фарҳанги қадимаи тоҷдории тоҷикон, ки баёнгари номи миллати тоҷик мебошад, ифода карда шудааст. Ин ҳама аз бузургии миллати тамандунофар гувоҳӣ медиҳад.
Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба суйи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад.
Имрӯз, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.
Фаризаи Файзизода, номзади илмҳои психологӣ, муаллими калони кафедраи психология.