ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ, ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА САРБАЛАНДИИ ТОҶИКОН

Ҳар як давлат рамзҳое дорад, ки таърих, соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои миллии онро таҷассум мекунанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ аз ҷумлаи чунин муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Он на танҳо нишонаи давлатдорӣ, балки таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги қадима ва ормонҳои мардуми тоҷик мебошад.

Ҳамасола, 24 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана ба рӯйдоди муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон — қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, алоқаманд аст. Дар шароити ҳассоси сиёсиву иҷтимоии он давра қабули Парчами давлатӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва муайян намудани симои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳаммияти махсус дошт.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба ин рамзи давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ соли 2009 бо ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2Дар бораи рӯзҳои ид” 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ муқаррар гардид. Аз он вақт инҷониб ин сана дар саросари мамлакат бо эҳтирому ифтихор таҷлил карда мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи уфуқии ранга — сурх, сафед ва сабз иборат мебошад. Дар қисми мобайни рахи сафед тоҷи заррин ва ҳафт ситора дар шакли нимдоира ҷойгир шудаанд. Ҳар як ҷузъи он дорои мазмуни рамзӣ буда, дар маҷмӯъ симои давлат ва ормонҳои миллиро инъикос мекунад.

Ранги сурхро метавон рамзи муборизаи таърихӣ, ҷасорат ва саъю талош барои озодиву истиқлол донист. Ранги сафед покӣ, сулҳ, поквиҷдонӣ ва орзуҳои неки мардумро таҷассум менамояд. Ранги сабз бошад, бо табиати зебои Тоҷикистон, сарсабзӣ, ободӣ ва умед ба ояндаи нек пайванд дорад.

Тоҷи заррин дар маркази Парчам нишонаи давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ мебошад. Ҳафт ситора низ дар фарҳангу ҷаҳонбинии мардум маънои рамзӣ дошта, бо мафҳумҳои саодат, камолот ва ормонҳои нек пайванд дода мешаванд.

Мутобиқи санадҳои ҳуқуқии амалкунанда, Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Эҳтиром ва ҳифзи он вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад.

Таърихи миллати тоҷик бо анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ ва фарҳанги ғанӣ алоқаманд аст. Дар осори таърихиву адабӣ парчам ҳамчун нишонаи лашкар, давлат, муттаҳидӣ ва озодӣ ҷойгоҳи хос дорад. Яке аз намунаҳои маъруфи таърихии дирафш дар адабиёти форсу тоҷик “Дирафши Ковиёнӣ” мебошад, ки дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ низ зикр шудааст.

Ин дирафш дар ривоятҳои таърихӣ бо муборизаи Коваи оҳангар бар зидди зулму ситам ва пирӯзии адолат пайванд дорад. Аз ин рӯ, он дар фарҳанги мардумони форсизабон ба рамзи озодӣ, мубориза ва адолат табдил ёфтааст.

Албатта, Парчами имрӯзаи Тоҷикистон маҳсули давраи соҳибистиқлолӣ мебошад, аммо маънои рамзии он бо хотираи таърихӣ ва анъанаҳои деринаи давлатдории ниёгон ҳамоҳанг аст. Маҳз ҳамин пайванди таърих ва имрӯз ба Парчами давлатӣ арзиши хос мебахшад.

Дар ҳаёти ҷомеа рамзҳои давлатӣ танҳо вазифаи шинохти давлатро иҷро намекунанд. Онҳо дар ташаккули эҳсоси мансубият ба Ватан ва муттаҳид сохтани ҷомеа низ нақши муҳим доранд. Вақте ки Парчами Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, майдонҳо ва чорабиниҳои байналмилалӣ парафшон мегардад, ҳар як шаҳрванди кишвар дар он нишонаи соҳибихтиёрӣ ва шарафи миллии худро мебинад.

Барои насли ҷавон шинохти таърих ва маънои рамзҳои давлатӣ аҳаммияти махсус дорад. Донистани таърихи Парчам, эҳтиром гузоштан ба он ва дарк намудани арзишҳои дар он таҷассумёфта бояд ҷузъи тарбияи шаҳрвандии ҷавонон бошад. Ин раванд танҳо бо баргузор намудани чорабиниҳои идона маҳдуд намешавад. Муҳим он аст, ки ҷавонон моҳияти истиқлол, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳми худро дар рушди ҷомеа дуруст дарк намоянд.

Дар ин самт муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ масъулияти муҳим доранд. Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои илму маърифат дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва мавқеи шаҳрвандии донишҷӯён саҳми назаррас мегузоранд. Гузаронидани суҳбату вохӯриҳо, конференсияҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ва дарсҳои тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон бо таърихи давлатдории миллӣ бештар шинос шаванд.

Ҳамзамон, эҳтиром ба Парчам бояд дар рафтори ҳаррӯзаи шаҳрвандон низ зоҳир гардад: дар муносибати масъулиятнок ба таҳсилу меҳнат, риояи қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан. Зеро ватандӯстӣ пеш аз ҳама дар амалҳои созанда ва масъулияти ҳар як шахс ифода меёбад.

Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ҳамоишҳои сиёсиву фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар рӯйдодҳои ҷаҳонӣ парафшон мегардад. Ҳар боре ки Парчами кишвар дар арсаи байналмилалӣ боло мешавад, он ҳамчун нишонаи ҳузур ва эътирофи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муаррифӣ мегардад.

Яке аз иншооти намоёни пойтахти кишвар — Майдони Парчам бо манораи баланди парчам мебошад, ки соли 2011 ба ифтихори 20 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст. Ин макон ба яке аз рамзҳои шинохтаи шаҳри Душанбе табдил ёфта, ҳар рӯз таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахтро ҷалб мекунад.

Парчами давлатӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз маҳалли зист ва фаъолияти онҳо, рамзи ягонагӣ ва мансубият ба як Ватан мебошад. Эҳтиром ба он маънои эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва давлатдории миллиро дорад.

Хулоса, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати муносибест барои бознигарии таърихи давлатдории миллӣ, қадршиносии истиқлол ва андеша дар бораи масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан. Парчам танҳо матои ранга нест. Он таърихи пуршебу фарози миллат, ормони озодӣ ва иродаи мардуми соҳибистиқлолро дар худ таҷассум мекунад.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад ва ҳамчун рамзи истиқлолу ваҳдати миллӣ наслҳои имрӯз ва фардоро ба сӯи созандагӣ, донишандӯзӣ ва ободии Ватан раҳнамоӣ намояд.

Хусравбекова Баҳрӣ, муаллими калони кафедраи забонҳои романӣ-германии факултети забонҳои Аврупо.