Вақте варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ба зинаи аввали ифтихор мебарояд, дар баробари садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистон боло меравад. Он лаҳза шодии як нафарро мардуми зиёде бо ӯ қисмат мекунанд. Дар миёни онҳо касоне низ ҳастанд, ки варзишгарро шахсан намешиносанд, аммо аз дидани парчами кишвари худ ҳамон эҳсоси ифтихорро доранд. Чӣ чиз одамони аз ҳам дурро дар як лаҳза ба ҳам мепайвандад? Посухро дар маънои парчам бояд ҷуст. Мо дар симои он Ватанеро мешиносем, ки сарфи назар аз зодгоҳ, забони модарӣ ва касбу кор ба ҳамаи мо тааллуқ дорад.
Ҳар сол 24 ноябр дар кишвари мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана ба яке аз рӯйдодҳои муҳими солҳои аввали истиқлол вобаста аст. 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии кишвар қабул гардид. Аз соли 2009 инҷониб мардуми Тоҷикистон рӯзи қабули онро ҳамчун ҷашни умумимиллӣ таҷлил мекунанд. Имсол аз қабули Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 34 сол сипарӣ мегардад. Барои ҷавононе, ки дар солҳои истиқлол ба дунё омадаанд, ин сана фурсатест, то аз падару модарон ва устодони худ бипурсанд, ки чаро қабули парчам дар он рӯзҳо барои мардум ин қадар аҳаммият дошт.
Барои дарки аҳаммияти ин рӯйдод фазои он солҳоро пеши назар овардан зарур аст. Тоҷикистон истиқлоли худро ба даст оварда буд, аммо мардуми кишвар рӯзҳои сахти нооромиро аз сар мегузарониданд. Дар чунин шароит қабули парчами ягонаи давлатӣ маънои хос дошт. Касоне, ки аз рӯйдодҳои замон бардоштҳои гуногун доштанд, соҳиби як Ватан буданд ва ояндаи фарзандонашон ба сарнавишти ҳамон Ватан бастагӣ дошт. Имрӯз, вақте мо парчамро дар фазои ором болои бинои мактаб ё донишгоҳ мебинем, шояд камтар ба ёд орем, ки барои насли падарону модарони мо оромона ба дарс рафтани фарзанд худ яке аз орзуҳои азиз буд.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се рахи уфуқии сурх, сафед ва сабз иборат аст. Рахи сафеди мобайнӣ нисбат ба ҳар яке аз ду рахи дигар якуним баробар паҳнтар буда, дар маркази он тоҷи заррин ва болои тоҷ ҳафт ситора дар шакли нимдоира ҷой гирифтаанд. Ҳангоми тасвири парчам дар лавҳаҳои таълимӣ, барномаҳои ҷашнӣ ва маводи электронӣ риояи ҳамин ҷузъиёт муҳим аст. Хонандае, ки парчамро бо дасти худ мекашад, аз ҳамин кори хурд дақиқкорӣ меомӯзад. Ӯ ба таносуби рахҳо, тартиби рангҳо ва ҷойгиршавии ситораҳо диққат медиҳад ва минбаъд нишони кишварашро дар миёни парчамҳои дигар ба осонӣ мешиносад.
Рангҳои парчам дар тасаввури мардум бо образҳои ошно пайванд доранд. Ранги сурх далерӣ ва ҷоннисории онҳоеро ба ёд меорад, ки барои озодиву ободии Ватан заҳмат кашидаанд. Сафед ранги барфи қуллаҳои баланди мост ва бо орзуи сулҳу покии ният ҳамсадо мешавад. Сабз манзараи водиҳои шукуфон, киштзорҳои баҳорӣ ва боғеро пеши назар меорад, ки бо меҳнати инсон бунёд ёфтааст. Ҳар кас ин манзараҳоро бо хотираи худ пурра мекунад. Барои яке Ватан аз роҳи кӯҳии деҳаи бобоӣ оғоз меёбад, барои дигаре аз саҳни мактаб ё кӯчае, ки дар он ба воя расидааст. Зери як парчам ҳамаи ин гӯшаҳои азиз номи ягона доранд – Тоҷикистон.
Ҳамчун омӯзгори кафедраи забоншиносии умумӣ, ман ба он низ таваҷҷуҳ дорам, ки мо дар бораи парчам бо кадом вожаҳо сухан мегӯем. Дар забони тоҷикӣ калимаҳои «парчам», «дирафш» ва «алам» ба ҳам наздиканд, вале ҳар кадом дар сухан тобиши худро дорад. Ҳангоми ном бурдани яке аз рамзҳои расмии кишвар мо ибораи дақиқи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро истифода мебарем. Дар матни бадеӣ бошад, вожаи «дирафш» метавонад ба сухан оҳанги ҳамосӣ бахшад. Ибораи «зери як парчам гирд омадан» низ ҷолиб аст. Ҳатто вақте одамон дар як макон ҳузур надоранд, ин ибора ҳамфикрӣ ва омодагии онҳоро барои анҷоми кори муштарак ифода мекунад. Таҳлили ҳамин чанд мисол ба донишҷӯ имкон медиҳад, ки робитаи забон, таърих ва эҳсоси миллиро аз наздик бинад.
Дар дарси забон метавон ба донишҷӯён супориши одӣ дод. Бигзор ҳар яке чанд ҷумла дар бораи лаҳзае нависад, ки Парчами Тоҷикистонро дида, эҳсоси хосе кардааст. Шояд яке рӯзи аввали мактабро ба ёд орад, дигаре аз сафари нахустинаш ба хориҷи кишвар нависад, савумӣ хотираи мусобиқаеро нақл кунад, ки бо аҳли оила тамошо кардааст. Арзиши чунин машқ дар самимияти ҷавобҳост. Донишҷӯ барои ифодаи таҷрибаи худаш калима меҷӯяд ва ҳамзамон ба нақли ҳамдарсаш гӯш медиҳад. Аз ҳамин навиштаҳои кӯтоҳ суҳбати пурмазмуне ба вуҷуд омада метавонад, ки дар он ҳар кас барои сухан гуфтан далеле аз зиндагии худ дорад.
Барои донишҷӯёни донишгоҳи забонҳои хориҷӣ ин мавзуъ ҷанбаи дигари амалӣ низ дорад. Онҳо дар оянда ҳамчун омӯзгор, тарҷумон ё роҳбалад бо намояндагони кишварҳои гуногун суҳбат хоҳанд кард. Меҳмони хориҷӣ метавонад бипурсад, ки чаро Рӯзи Парчам маҳз моҳи ноябр ҷашн гирифта мешавад ё дар маркази парчами Тоҷикистон чӣ тасвир ёфтааст. Барои ҷавоби хуб ҳам донистани забони хориҷӣ ва ҳам огоҳӣ аз таърихи кишвар зарур аст. Агар донишҷӯ тавонад бо чанд ҷумлаи сода санаи қабули парчамро шарҳ диҳад, намуди онро дақиқ тасвир кунад ва бигӯяд, ки чаро ин рамз барояш азиз аст, ӯ вазифаи худро ҳамчун муаррифгари фарҳанги Ватан бо шоистагӣ иҷро мекунад.
Эҳтиром ба Парчами давлатӣ бо эҳтиром ба мардум низ пайванди бевосита дорад. Дар як гурӯҳи донишгоҳӣ ҷавонони шаҳру ноҳияҳои гуногун ҷамъ меоянд. Онҳо метавонанд бо лаҳҷаҳои гуногун сухан гӯянд, расму одатҳои маҳаллии худро дошта бошанд ва масъалаеро аз дидгоҳҳои мухталиф арзёбӣ кунанд. Омӯзгоре, ки ба ҳар яки онҳо имкони озодона баён кардани андешаашро медиҳад, барои дарки маънои ҳамватанӣ замина мегузорад. Донишҷӯ эҳсос мекунад, ки зодгоҳ ва хусусияти гуфтори ӯ низ ҷузъе аз зиндагии рангини ҳамин сарзамин аст. Вақте ӯ худашро дар ҷамъомад соҳибэҳтиром мебинад, эҳтироми дигаронро ҳам беҳтар меомӯзад.
Ба назари ман, яке аз роҳҳои хуби таҷлили Рӯзи Парчам дар донишгоҳ ташкили мулоқоти ду насл аст. Хуб мебуд, агар донишҷӯён пешакӣ бо аҳли оилаи худ суҳбат карда, хотираҳои онҳоро аз солҳои аввали истиқлол сабт намоянд. Саволи одие чун «Шумо Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро бори аввал дар куҷо дидед?» метавонад оғози нақле шавад, ки то он рӯз дар оила касе онро нанавиштааст. Сипас донишҷӯён метавонанд баргузидаи ин нақлҳоро ба забони хориҷии омӯхтаашон тарҷума кунанд. Ба ин тартиб, хотираи як хонадон ба маводи омӯзишӣ табдил меёбад ва ҷавонон дармеёбанд, ки таърихи кишвар дар ёди одамони наздикашон низ маҳфуз аст.
Парчами давлатӣ дар рӯзҳои ид баланд афрохта мешавад, аммо маънои он дар рӯзҳои муқаррарӣ ҳам бо мост. Барои омӯзгор ин маъно дар боинсофона таълим додан, барои донишҷӯ дар дониш андӯхтан ва барои ҳар шаҳрванд дар муносибати ғамхорона ба ободии маҳалли зисташ зоҳир мегардад. Мехоҳам шогирдони мо ҳар боре ки ба Парчами Тоҷикистон менигаранд, дар баробари ифтихор ба худ як саволи одӣ диҳанд: «Ман бо донишу ҳунари худ барои ин сарзамин чӣ кор карда метавонам?» Ҷавоби ҳар кас ба ин савол метавонад гуногун бошад. Аз ҳамин ҷавобҳо ва аз амалҳое, ки дар пайи онҳо меоянд, фардои Ватан бунёд мегардад.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар фарози Ватани ободу осудаи мо ҳамеша парафшон бошад!
Шукронаи Довуд, ассистенти кафедраи забоншиносии умумии факултети забон ва адабиёти рус.