ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЙИ ДОНИШГОҲ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН

7 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе чемпеонати Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ миёни ҷавонон баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи бонуфуз донишҷӯи курси сеюми факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Муҳаммадиқбол Алиев дар вазни 60 кг ширкат намуда, сазовори ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло гардид.

Муҳаммадиқбол Алиев бо пирӯзии худ ба давраҳои дигари мусобиқа, ки дар сатҳи байналмилалӣ доир мегардад, роҳхат гирифт.