Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷи Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ширкати сардори раёсати таълим Муҳаммад Назирзода, роҳбари бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера Гулизор Мирсаидова, омӯзгорон ва таҷрибаомӯзони факултетҳо, вобаста ба сафарбар намудани донишҷӯёни курси 4 ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, мулоқоти судманд доир гардид.
Зимни мулоқот гуфта шуд, ки раёсати Донишгоҳ ҳамасола вобаста ба нақшаи таълимӣ, донишҷӯёни курси 4–и ихтисосҳои омӯзгориро ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар асоси “Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сафарбар менамояд.
Мавриди зикр аст, ки имсол 187 нафар донишҷӯёни риштаи омӯзгорӣ ба беш аз 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, инчунин назди кафедраҳои тахассусӣ, гимназияи назди Донишгоҳ ва ба дигар шаҳру навоҳиҳои кишвар сафарбар гардиданд.
Ҳамзамон, 31 нафар донишҷӯ бо пешниҳоди дархостҳои раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҷойҳои таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардида ва 32 нафар донишҷӯ дигар ба таҷрибаомӯзии дарозмуддат фаро гирифта шудаанд.

