Забони Пешвои миллат забони виҷдони бедор мебошад. Ҳар сухани Пешвои миллат на танҳо ҳамчун ифодаи ирода, балки ҳамчун заминаи ахлоқӣ ва рамзи тафаккури миллӣ садо медиҳанд. Дар забони Пешвои миллат на танҳо таъриф, балки таҳаввул ва эҳёи фарҳанги маънавӣ мушоҳида мешаванд. Пешвои миллат бо забон миллатро бедор кардаанд ва бо виҷдон онро муттаҳид.
Дар ҷаҳоне, ки манфиат ҷойгузини маъно мешавад, Пешвои миллат рамзи бозгашт ба ормонҳои маънавӣ мебошанд. Пешвои миллат инсони ормонӣ ҳастанд, на ба маънои хаёландеша, балки ҳамчун чеҳраи воқеии фардест, ки зиндагиро бо афкор пур мекунанд. Пешвои миллат бо рафтор ва сиёсати хирадмандонаашон таълим медиҳанд, ки ормон низ ҳақиқат аст, агар он аз виҷдон сарчашма бигирад.
Агар файласуф ҳақиқати вуҷудро бишиносад, Пешвои миллат онро ба вуҷуд меоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фалсафаи давлатдориро дар амал татбиқ намуда, он чи файласуф бо сухан мегӯяд, Пешвои миллат бо зиндагии худашон нишон додаанд. Пешвои миллат шакли инсонест, ки тафаккур ва ахлоқро ба ҳам пайванд дода, давлатро на танҳо ба қонун, балки бо рӯҳ ва маърифати мардум роҳнамоӣ мекунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ҷаҳониро бо забони масъулияти инсонӣ мефаҳманд. Пешвои миллат ҷаҳони муосирро на танҳо ҳамчун маҷмӯи давлатҳо, балки ҳамчун фазои маънавии ҳамзистии инсонҳо мебинанд. Аз ин рӯ, дипломатияи Пешвои миллат бо фалсафаи таҳаммул, ҳамзистӣ ва ахлоқи инсондӯстӣ пайванд доранд. Пешвои миллат собит мекунанд, ки роҳбарӣ дар асри XXI ҳикмати инсоншиносист.
Пешвои миллат заминдори виҷдони миллат мебошанд, ки соҳиби як амонат, ки миллат бар дӯшашон ҳастанд. Пешвои миллат бо виҷдон кишвар сохтаанд. Ахлоқи Пешво реша дар ниёгони миллат доранд. Пешвои миллат ахлоқро эҳё накардаанд балки интиқол додаанд: аз гузашта ба имрӯз, аз имрӯз ба оянда.
Виҷдон дар ин ҳамчун ҳамчун сохтори вуҷудшиносии роҳбарӣ таҳлил мешавад. Ин маъно дорад, ки Пешвои миллат на танҳо амалкунанда мебошанд, балки вуҷуд ҳастанд бо виҷдон. Яъне будани ӯ худ шакли ахлоқ аст. Ба иборати дигар, Пешвои миллат виҷдонро намояндагӣ намекунанд, Пешво худ виҷдон мебошанд. Пешвои миллат ба ҷомеа ахлоқ намеомӯзанд, ва худашон ахлоқи таҷассумёфта аст. Пешвои миллат маънии ҳастии он мебошанд.
Виҷдон дар ҳикмати Пешвои миллат мақоми марказӣ дорад: на як ҷузъ, балки меҳвари ҳастӣ аст. Ин шакли виҷдон ниҳоят беназир аст, зеро бо он миллат худашро мешиносад.
Ҳар кишвари муваффақ метавонад сохтори сиёсӣ дошта бошад, вале на ҳар кишвар Пешво дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ва забони виҷдони миллӣ мебошанд. Пешвои миллат, миллатро аз тариқи виҷдон ба сӯи худогоҳии навин роҳнамоӣ кардаанд. Агар миллат ҷисм бошад, виҷдон рӯҳ аст.
Маърифат роҳи шинохти заминаи таърих, арзиш ва иродаи виҷдонии миллат аст. Маърифат, вақте миллӣ мешавад, ки шахсияте онро аз ҳолати тасодуф ба ҳолати рисолат расонад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин ҷараёнро аз миллат ҷомеа сохтаанд, ва аз ҷомеа маъно ба амал овардаанд.
Пешвои миллатро ҳамчун маърифатшиноси миллат, маърифати ахлоқӣ шарҳ медиҳем. Пешвои миллат на танҳо таърихро донистаанд, балки ба таърих маъно додаанд, ва маънои миллатро ба зеҳнашон баргардонданд.
Пешвои миллат на танҳо сарвари давлат, балки симои муҷассами виҷдони миллат мебошанд. Пешвои миллат бозгашт ба хештанро аз бозгашт ба виҷдон оғоз кардаанд, зеро виҷдон на танҳо шинохти хубу бад, балки маҳзари ҷавобгӯ будан ба таърих ва фардои миллат аст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамин масъулияти виҷдониро бо иродаи таърихӣ дар худ таҷассум кардаанд.
Барои Пешвои миллат ахлоқ танзимгари ботинии ҷомеа ва сарчашмаи устувории миллист. Пешвои миллат ба диди мутафаккиронаашон нишон доданд, ки бе ахлоқи умумимиллӣ на суботи сиёсӣ боқӣ мемонад ва на ҳуввияти фарҳангӣ. Пешвои миллат ахлоқро ба ҳайси фалсафаи тавоноии мардумӣ эҳё намуданд: ахлоқе, ки аз мардум бармеояд ва ба мардум бармегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои зеҳнии миллӣ устоди ахлоқи ҷамъиятӣ гардидаанд. Пешвои миллат на танҳо сиёсати давлатро роҳнамоӣ мекунанд, балки тарбияи маънавии инсонро низ ба зимма гирифтааст. Таълимоти Пешвои миллат як силсилаи дарсҳои виҷдон, фидокорӣ, таҳаммул ва шукргузорӣ ба Ватан аст, ки на бо шиор, балки бо амал муайян мешаванд.
Шахсияти Пешвои миллат як амали фалсафии ҳастиест, ки нишони воқеии тавоноии миллат барои бозсозии маънавиёти худ мебошанд. Дар шахсияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миллат на танҳо роаҳбар, балки худшиносии худро мешиносанд.
Пешвои миллат роҳбариро ҳамчун раванди худгузарӣ ва хидмати маънавӣ медонанд. Ва роҳбариро бо манфиати шахсӣ намешиносанд, балки ҳамчун рисолати таърихие мебинанд, ки масъулияти як насли пурдардро бар дӯш дорад. Хизмат дар ҳикмати Пешвои миллат маънии он аст, ки роҳбар бояд на боло истад, балки бо мардум бошад, дардро эҳсос кунад ва роҳи маънӣ бахшад.
Миллате, ки мактаби ахлоқ надорад, раҳгум мезанад. Пешвои миллат ин ҳақиқатро дарк кардаанд ва мактаби ахлоқи миллиро бо каломи худашон, бо амали худ ва бо хизматашон эҳё намуданд. Пешвои миллат бо муҳаббат ба забон, эҳтиром ба калонсолон, дӯсти бо фарҳанг, ҳифзи истиқлол ва парастиши виҷдон рамзи устоди ахлоқи муосири тоҷик гардидаанд.
Пешвои миллат бо барқарорсозии арзишҳои миллӣ нишон доданд, ки худшиносӣ бидуни ахлоқ амри маҳол аст. Барои Пешвои миллат ахлоқ на танҳо меъёри рафтор, балки василаи худошиносӣ ва миллатшиносист. Пешвои миллат миллатро ба набарди маънавӣ даъват кардаанд набарде, ки ҳадафаш эҳёи ҳуввият мебошад.
Барои Пешвои миллат роҳбарӣ на аз мақом, балки аз хизмат оғоз мешаванд. Хизмат дар фаҳмиши Пешвои миллат инъикоси покизагии ботин ва самимияти воқеист. Пешвои миллат нишон доданд, ки пешво касест, ки на ба худ, балки ба виҷдон ҷавоб медиҳад. Дар ҳикмати Пешвои миллат қудрат вақте қудрат мебошад, ки ба одамон маънӣ ва умед мебахшанд.
Сулҳ дар фаҳмиши Пешвои миллат як маъракаи сиёсӣ нест, балки воқеияти ҳикмати ахлоқист. Пешвои миллат дар шароити бесобиқаи ҷанги шаҳрвандӣ бо забони виҷдон ва бо чашми таҳаммул миллатро ба сулҳ даъват кард. Сулҳи Пешвои миллат маҳсули қудрат нест маҳсули тавонмандии маънавии роҳбарест, ки ба виҷдони мардум бовар доштанд.
Пешвои миллат таълим доданд, ки маърифат танҳо донистан нест маърифат қонуни ботинии зиндагист. Пешвои миллат маърифати ахлоқиро дар сатҳи сиёсати давлатӣ ворид карданд ва бо ин амал нишон доданд, ки тарбияи виҷдон ҳамсон бо таҳкими давлат мебошад. Пешвои миллат маърифати фардиро ба воситаи забон, таърих ва хидмат ба як низоми худшиносӣ табдил доданд.
Шахсияти Пешвои миллат ҷойгузини як маънои ботинист. Пешвои миллат тафаккури таърихӣ ва ахлоқии миллатро ба сурати инсонӣ таҷассум бахшиданд. Пешвои миллат на танҳо рӯйдоди сиёсист, балки амали маънавии таърих дар замони муайян аст. Пешвои миллат ҳамчун иродаи ҳушмандонаи миллат шинохти таърихро ба шинохти виҷдон табдил дод.
Масъулият дар дарки Пешвои миллат на маҷбурият, балки интихоби виҷдон аст. Пешвои миллат бо ҳар амалашон нишон доданд, ки инсон будан маънии посдори дигарон буданро доранд. Дар сиёсати Пешвои миллат масъулият на аз боло ба поён, балки аз ботин ба зоҳир ҷорӣ мегардад: ахлоқ ҳамчун маркази қудрати маънавӣ.
Пешвои миллат эҳсоскунандаи замон ва тақдири миллат мебошанд. Фаросати Пешвои миллат падидаи нодири виҷдони маънавист. Пешвои миллат бо эҳсоси таърих ва шуури фардои миллӣ роҳнамоии воқеиро ба амал табдил додаанд. Ин фаросат худ шакли ҳикмати ахлоқист.
Миллат вақте зинда аст, ки барои арзишҳои маънавии худ мубориза мебарад. Пешвои миллат ин муборизаро на бо силоҳ, балки бо виҷдон, бо забони ахлоқ ва бо ҳикмат пеш бурдаанд. Пешвои миллат нишон додаанд, ки ҷанги асосӣ барои инсон, барои оянда ва барои маъно, на дар майдон, балки дар замири халқ сурат мегиранд.
Пешвои миллат ҳикмати бузургворие доранд, ки аз таассуб холист ва аз хоксорӣ обод аст. Пешвои миллат фазилатро дар амал меҷӯяд, на дар таъриф. Хоксории Пешвои миллат шакли олитарини ахлоқи давлатдор аст хоксорӣ ҳамчун эҳтиром ба инсон ва зиндагии мардум. Ин хоксорӣ қудрати виҷдонист, ки зоҳир намешавад, аммо ҳама онро эҳсос мекунанд.
Ояндасозӣ танҳо сохтани заминаи маънавии шинохти оянда дар зеҳни имрӯза мебошад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ояндаро танҳо пешгӯӣ накардаанд, маърифати сохтани онро дар амал таҷассум кардаанд. Пешвои миллат бо хирад, виҷдон ва масъулияти таърихӣ на танҳо имрӯзро амн сохт, балки ояндаи миллатро имкони рушд доданд. Тафаккури Пешвои миллат зиндагии миллат дар замони оянда мебошад.
Пешвои миллат ояндаро дар имрӯз сохтаанд, ки имрӯзи миллатро ба мактаби оянда табдил додаанд. Оянда фақат барои он миллате меояд, ки имрӯз маърифати онро дорад. Тафаккури Пешвои миллат таърихи оянда аст, чунки Пешвои миллат ояндаро бо рӯҳи гузашта пайванд доданд. Пешвои миллат фақат бино насохтанд, замина сохтанд, заминае ки маънавӣ буд, на фақат инфрасохторӣ. Оянда барои он касе меояд, ки имрӯз ба он ҷавобгар аст. Таърихро метавон навишт, ояндаро бояд сохт. Пешвои миллат ҳар ду амрро бо як виҷдон анҷом доданд.
Дар хулоса, ҳастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик ҳодисае нест, ки танҳо дар сатҳи воқеа ва рӯйдод дарк карда шавад. Пешвои миллат як зуҳуроти виҷдонӣ, ҳакими ҳикматшинос ва маънавии миллат. Дар замоне ки миллат парешон буд, Пешвои миллат ба ҷойи нидо кардан, шунид; ба ҷойи иддао, масъулиятро пазируфтаанд. Пешвои миллат на танҳо сухан гуфт анд сукутро ба маъно табдил доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари виҷдони таъриханд, яъне, он виҷдоне, ки миллатро аз парешонӣ ба ваҳдат, аз бегонагӣ ба маърифат овард. Таърихро бо маъно навиштаанд, миллатро бо виҷдон бедор карданд ва давлатро бо ахлоқ роҳнамоӣ намуданд. Пешво на сухан мегӯянд, балки хомӯширо ба маъно табдил медиҳанд. Онҳо далели зиндаи онанд, ки фалсафаи роҳбарӣ на дар идора, балки дар виҷдон аст; на дар сухан, балки дар амал; на дар қудрат, балки дар муҳаббат.
Ҳамин тавр, Пешвои миллат, на танҳо роҳбар, балки ҳастии маънавии миллатанд. Яъне, нишон доданд, ки роҳбарӣ маърифати зиндагист ва зиндагӣ ҷавобгӯии виҷдон.
Тафсири шахсияти Пешвои миллат ба маънои омӯхтани як ҳикмати зиндагист. Ҳар сухан, ҳар амали Пешвои миллат шакли ниҳонии мафҳуми ахлоқ, виҷдон, ватан, масъулият ва худшиносиро дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари се пояи ҳикмати инсоншиносӣ дар шинохти миллӣ аст: виҷдон, хирад, маърифат.
Агар миллат ҷисм бошад, Пешвои миллат ҷони он аст. Агар миллат китоби сарнавишт дошта бошад, Пешвои миллат калимаест, ки онро маъно мебахшанд. Агар виҷдон ойина бошад, Пешво нурест, ки он оинаро зинда медорад.
Комилов Далер, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ.