КОНСТИТУТСИЯ – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Дар таърихи давлатдории ҳар як миллат рӯйдодҳое мавҷуданд, ки аҳаммияти онҳо аз доираи як воқеаи сиёсӣ фаротар рафта, ба сарнавишти минбаъдаи давлат ва ҷомеа таъсири амиқ мегузоранд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои тақдирсоз ба шумор меравад. Ин санади олии ҳуқуқӣ на танҳо пояҳои давлатдории соҳибистиқлолро муайян намуд, балки ормонҳои миллӣ, арзишҳои умумиинсонӣ ва роҳи рушди ҷомеаи тоҷикро таҷассум кард.6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ сабт гардидааст. Дар ин рӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Ин рӯйдоди таърихӣ дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар ба вуқӯъ пайваста, барои ташаккули низоми мустақили ҳуқуқӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди минбаъдаи мамлакат заминаи устувор гузошт.

Конститутсия дар ҳаёти ҳар як давлат мақоми хос дорад. Он қонуни асосӣ ва меъёри олии ҳуқуқӣ буда, сохтори давлат, тартиби фаъолияти мақомоти ҳокимият, муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандон, инчунин ҳуқуқу озодиҳои инсонро муайян менамояд. Ба ибораи дигар, Конститутсия оинаи давлатдорӣ ва таҷассумгари сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа мебошад.

Дар илми ҳуқуқшиносӣ мафҳумҳои «Конститутсия» ва «конститутсионализм» бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Агар Конститутсия санади олии ҳуқуқии давлат бошад, конститутсионализм низоми ғояҳо, принсипҳо ва муносибатҳоеро ифода мекунад, ки ба волоияти Конститутсия, маҳдудияти ҳокимияти давлатӣ бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон асос меёбанд. Моҳияти конститутсионализм танҳо дар мавҷудияти қонуни асосӣ ифода намеёбад.

Муҳимтар аз ҳама, татбиқи воқеии меъёрҳои он дар ҳаёти ҷомеа мебошад. Вақте ки қонун эҳтиром мегардад, ҳуқуқи инсон ҳифз мешавад ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияти муайяншуда сурат мегирад, ҷомеа ба сӯи ташаккули давлати воқеан ҳуқуқбунёд қадам мегузорад.Аз нигоҳи таърихӣ, андешаҳои конститутсионӣ дар натиҷаи рушди тамаддуни инсонӣ ва мубориза барои маҳдуд намудани ҳокимияти худсарона, таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ташаккул ёфтаанд.

Миллати тоҷик аз қадимулайём дорои анъанаҳои давлатдорӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва арзишҳои маънавии ғанӣ мебошад. Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ, урфу одат ва анъанаҳои иҷтимоӣ танзим мегардиданд.

Давраи давлатдории Сомониён дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун марҳилаи муҳими рушди давлатдорӣ, фарҳанг ва илму маърифат шинохта мешавад. Дар он давра низоми ҳуқуқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим доштанд. Ин мероси таърихӣ гувоҳи он аст, ки эҳтиром ба тартиботи ҷамъиятӣ ва арзишҳои ҳуқуқӣ дар фарҳанги миллии тоҷикон ҷойгоҳи қадима дорад.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Зарурати бунёди давлати мустақил, ташаккули низоми миллии ҳуқуқӣ ва таҳияи санади олии ҳуқуқӣ ба миён омад. Дар чунин шароит қабули Конститутсияи нав талаботи муҳимми замон ва тақозои давлатдории соҳибистиқлол буд.Яке аз арзишмандтарин принсипҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ мебошад. Ин меъёр ифодагари муносибати инсондӯстонаи давлат буда, барои ҳифзи шаъну шараф, манфиат ва озодиҳои шаҳрвандон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳсил, меҳнат, истироҳат, озодии сухан, виҷдон ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ аз ҷумлаи ҳуқуқҳое мебошанд, ки дар Конститутсия муқаррар гардидаанд. Ҳифзи ин ҳуқуқҳо яке аз шартҳои муҳими ташаккули ҷомеаи адолатпарвар ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон мебошад.

Дар баробари ин, ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки ҳуқуқ бе масъулият вуҷуд дошта наметавонад. Эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, риояи қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ мебошанд. Маҳз дар ҳамбастагии ҳуқуқ ва уҳдадорӣ фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ташаккул меёбад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурги даврони истиқлолият ва пояи устувори давлатдории миллӣ мебошад. Он роҳи рушди давлатро муайян намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Арҷ гузоштан ба Конститутсия танҳо таҷлили як санаи таърихӣ нест, балки эҳтиром ба истиқлолият, давлатдорӣ, арзишҳои миллӣ ва ояндаи миллат мебошад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки қудрати воқеии давлат дар волоияти қонун, адолат, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандон таҷассум меёбад.

Ҷамила Абдуллоева, муаллими калони кафедраи забоншиносии муқоисавӣ ва тарҷумашиносӣ